Sunday, June 8, 2025
ads
HomeХабарҳоҚамариддин Афзалӣ ҳам аз рӯйхати Интерпол берун шуд

Қамариддин Афзалӣ ҳам аз рӯйхати Интерпол берун шуд

Узви Раёсати Олии ҲНИТ Қамариддин Афзалӣ минбаъд дар ҷустуҷӯи пулиси байналмилал нест.  Исми ӯ низ аз рӯйхати Интерпол ҳазф шудааст.

Дар ин бора Дабирхонаи умумии пулиси байналмилал — Интерпол дар мактуби ҷавобиаш ба вакили дифоъи Қамариддин Афзалӣ иттилоъ додааст. Дар мактуб, ки 19-уми феврал навишта шудааст, гуфта мешавад Бегов Қамардин, санаи таваллудаш 10-июли соли 1963 дигар дар пайгарди Интерпол таҳти «огоҳии сурх» нест ва номи ӯ дар рӯйхати ин созмон вуҷуд надорад.

Вакили дифоъи ӯ Анас Кефедер дар сӯҳбат бо Паём гуфт «Интерпол пурра қонеъ шуд, ки парвандаи Афзалӣ сирф сиёсӣ аст ва далелҳои ироакардаи ҷониби Тоҷикистон сохтаву бофтааанд».

Як ҳафта қабл аз рӯйхати Интерпол  Муҳиддин Кабирӣ расонаӣ шуда буд.

Қамариддин Афзалӣ, ки баъди баста шудани ҲНИТ ва оғози маъракаи боздошти аъзои Раёсати оливу фаъолони ин ҳизб тарки Тоҷикистон карда буд, 15-уми апрели соли 2016 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Истамбули Туркия боздошт шуд. Баъди 70 рӯзи боздошташ мақомоти турк бинобар қонеъкунанда набудани далелҳои ироакардаи мақомоти Тоҷикистон ъро озод карданд.

То қатъ шудани фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон, Афзалӣ раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Хатлон буд.

Бобоҷон Қаюмзод, як масъули ҲНИТ гуфт, Интерпол сиёсӣ будани парвандаҳои аъзои ҲНИТ-ро қабул кардааст ва раванди аз рӯйхати ин созмон берун кардани номҳои аъзои ин ҳизб оғоз шудааст.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика