Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет«Пойҳоятонро мешиканам»—таҳдиди як тоҷик аз маркази Душанбе

«Пойҳоятонро мешиканам»—таҳдиди як тоҷик аз маркази Душанбе

Дар шабакаи видеоии Ютуб наворе пайдо шудааст, ки дар он марде ба шикастани пои гурезагони тоҷик дар Олмон таҳдид мекунад.

Ин навори якдақиқаина тавассути телефони дастӣ дар майдони “Дӯстӣ” — маркзи шаҳри Душанбе, ки дар наздикии дастгоҳи раисҷумҳур қарор дорад, гирифта шудааст. Онҳое ба наворбардорӣ дар ин макон ҳақ доранд, ки иҷозаи расмӣ дошта бошанд.

Ҳайкали Исмоили Сомонӣ шабонарӯзӣ аз тарафи пулис ҳифозат мешавад ва дар гумон аст, ки ин навор аз тарафи “шахси тасодуфӣ” бардошта шуда бошад.   

Дар паси муаллиф як корманди пулис дида мешавад

Дар ин навор муаллифи видеоблок аз тоҷикони муқими Олмон даъват мекунад, ки ҳарфҳову эътирозҳояшонро дар ватан гӯянд, на дар берун аз он.

“Шумо мегӯед Тоҷикистон қашшоқӣ аст, “туфта” аст, режим аст. Агар мардед биёед юа ин майдон бароед ва ҳарфҳоятонро инҷо гап занед, ман бинам гапзаниатонро. Шумо ҳеҷкасед ва ба Тоҷикистон лозим нестед. Ҳамин корҳоятонро бас кунед, ки ман ба Олмон меравам ва пойҳоятонро мешиканам” — мегӯяд дар хотима муаллифи видеоблог.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular