Sunday, June 8, 2025
ads
HomeХабарҳоИстиқболи гарми мардум аз Шавкат Мирзиёев дар Душанбе

Истиқболи гарми мардум аз Шавкат Мирзиёев дар Душанбе

Ҳавопаймои Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ба фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе омада фаромад. Дар фурӯдгоҳ  президенти Ӯзбекистонро худи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон пешвоз гирифт.

Дар қади роҳ аз фурӯдгоҳи байналмилалии душанбе то Қасри Миллат ҳазорҳо шаҳрвандон бо парафшон намудани парчамҳо Шавкат Мирзиёевро истиқбол намуданд.

Кортежи президентҳои ҳарду кишвар то Қасри Миллат омад. Дар Қасри Миллат тибқи нақшаи пешакӣ вохӯрии “як ба як” президентҳои ҳарду кишвар шуда мегузарад ва баъди он нишасти ҳайатҳои ҳар ду ҷониб сурат хоҳад гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки Зимни сафари Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ба Душанбе, дар назар аст 27 созишномаи дуҷониба, ба имзо расад.

Аз ҳама муҳиммаш равуои шаҳрвандони ду кишвар бидуни раводид дар муддати як моҳ мебошад.

Ҷонибҳо ҳамчунин шартномаеро дар бораи муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳадҳо ба имзо хоҳанд расонид, ки дар натиҷа талошҳо ва аз манастгӯиҳои минтақаҳои наздисарҳадии ин ду кишвар аз байн хоҳад рафт.

Ҳамчунин тибқи як созишномаи дигар ҷониби Ӯзбекистон барои  дастгирии соҳибкорони Тоҷикистон, ба миқдори 100 миллион доллари амрикоӣ хоҳад дод.

Интизор меравад, як қатор созишномаҳои дигар дар соҳаҳои нақлиёт, алоқа, маблағгузорӣ барои сохтмони мактаб ва беморхона дар минтақаҳои Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбекистон ба имзо хоҳанд расид.

Имрӯз дар Душанбе бо иштироки президентҳои ҳарду кишвар кушодашавии намоишгоҳи молу колоҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон шуда мегузарад.

Дар натиҷаи Анҷуман ва намоиши маҳсулоти саноатӣ, чуноне, ки интизор меравад, ба миқдори 140млн доллари амрикоӣ созишномаи иқтисодӣ ба имзо хоҳад расид.

Як манбаъ ба хабаргузории аз ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки миқдори маблағгузорӣ шояд зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев зиёдтар шавад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика