Sunday, June 8, 2025
ads
HomeХабарҳоБилохира! Тоҷикистону Ӯзбекистон визаро лағв мекунанд

Билохира! Тоҷикистону Ӯзбекистон визаро лағв мекунанд

Зимни сафари Шавкат Мирзиёев Тоҷикистону Ӯзбекистон созишномаеро ба имзо расониданд, ки тибқи он шаҳрвандони ду кишвар имкон пайдо мекунанд то 30 рӯз дар қаламрави ҳамдигар боқӣ бимонанд.

Дар умум беш аз 30 созишнома ба имзо расид, ки масоили зиёди ҷамъшуда дар 20 соли охирро ҳал кард. Коршиносон ин сафарро таърихӣ унвон мекунанд.

Ҷуз аз лағви виза барои 30 рӯз, қарор қабул шуд, ки тадриҷан кори 16 гузаргоҳи марзӣ ба роҳ монда шавад. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд байни шаҳрҳои ду кишвар хатсайрҳои заминиву ҳавоӣ ба роҳ монда шавад. Алъон пойтахтҳои ду кишварро хатсайри ҳавоӣ ба ҳам пайвастааст.

Ҷонибҳо ба ифоқа расидан нархҳои транзитии боркашонӣ поён бурда шуда, ҳарчӣ сареътар хатҳои заминӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ барқарор карда шаванд.

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар тамоми масоили ихтилофӣ дар сарҳад ба ифоқа расиданд. Бояд қайд кард бист соли охир мингузорӣ шудани баъзе аз манотиқи сарҳадӣ, боиси марги чандин нафар шуда буд.

Сарони ду давлат созишномаи тарҷумаи тамоми осори классикӣ ва муосири адабиёти ҳарду кишвар ба забонҳои ҳамдигар ва тадриси забони тоҷикӣ дар Узбекистону ӯзбекӣ дар Тоҷикистонро низ имзо карданд.

Ӯзбекистон сохтмони Роғунро ҳам муфид донист ва дастгирӣ кард. Ҷонибҳо мувофиқ шуданд, ки сохтмони ин нерӯгоҳи обӣ мушкили норасоии обу барқ дар минтақаро ҳал хоҳад кард.

Аз тарафи сарони давлат созишномаи ҳамкорӣ дар самти амнияту бехатарӣ низ ба имзо расид.

Раҳмону Мирзиёев дар кушрдашавии роҳи оҳани Ғалаба — Амузанг ширкат хоҳанд кард, ки ба ҳаракати қатораҳо байни ду кишвар оғоз мебахшад.

Ҷонибҳо ният доранд ҳаҷми гардиши молро ба миллиард доллар бирасонанд. Алъон он 112 миллионро ташкил медиҳад.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика