Имрӯз Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шавкат Мирзиёев, президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот анҷом дод.
Тавре дафтари матбуотии МН МО ҶТ медиҳад, зимни мулоқот масъалаи вусъат бахшидан ба муносибатҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуд.
Дар рафти мулоқот Шукурҷон Зуҳуров президенти Ӯзбекистонро хайрамақдам гуфта, чанде аз пешравиҳои охири ҷумҳурии Ӯзбекистонро ёдовар шуд. Ҳамчунин барои таҳким ва густариши муносибатҳои ҳасанаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кард.
“Ҷои тардид нест, ки дар доираи ин сафар ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳоямон тавсеа меёбанд. Мо омодаи равобити ҳасанаи байнипарлумонӣ бо ҳамтоёни ӯзбеки худ ҳастем”.- қайд намуд раиси парлумони Тоҷикистон.
Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки “Мо дар Тоҷикистон ҳамеша боварӣ доштем, ки дер ё зуд дар муносиботи неки бисёрасраи кишварҳои мо давраи навине эҷод мешавад ва ҳама чиз ба давраи муқаррарии худ бармегардад. Бинобар ин, сафари давлатии Шумо ба шаҳри Душанбе, дар ҳақиқат, барои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯйдоди басо муҳим аст”.
Дар навбати худ Шавкат Мирзиёев гуфт, ки ин ҳама аввали кор аст, ҳамкориҳо ва муносибатҳои ду кишвар бояд ба таври зарурӣ ва ҳатмӣ густариш ёбанд.
“Мо бояд ҳамкорӣ ва муносибатҳоро байни Маҷлиси Олии Ӯзбекистон ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон вусъат диҳем. Парлумон бояд ҳамеша иродаи халқро инъикос кунад. Пеш аз ҳама ба мо донистан зарур аст, ки мардуми мо чӣ иродаву хоҳиш дорад”- гуфт Мирзиёев
Мирзиёев ҳамчунин қайд намуд, ки усули фаъолият дар парлумонро пеш медонад. Чун таҷрибаи 15-солаи корӣ дар парлумонро доштааст.
“Ман 15 сол дар парлумон вакили халқ будам ва аз рӯи таҷриба гуфта метавонам, ки пеш аз ҳама бояд мардумро гуш кард ва баъд ба як қарор омад, на баръакс”- таъкид намуд президенти Ӯзбекистон.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин мулоқот муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Хайриниссо Юсуфӣ, Исмоилзода Зуфар — узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин (роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ), Ҳакимов Ориф– узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, Саидзода Зоҳир –муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Имомӣ Содиқ Ашурбойзода – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.