Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошканд баргашт. Тавре расонаҳои давлатӣ хабар додаанд, пас аз нисфирӯзии 10 март 2018 Шавкат Мирзиёевро Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳии чанде аз мақомдорони кишвар гусел намуд.
Сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки давоми ду рӯз 9 ва 10 марти 2018 идома ёфт, дар ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар доираи ин сафари давлатӣ Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон баргузор шуд.
Руйдоди муҳим, ки бо иштироки Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба амал омад, ифтитоҳи Гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг”, ва ба имзо расидани равуои шаҳрвандон бидуни раводид ба муддати як моҳ байни ин ду кишвар мебошад.
Тайи рӯзҳои охир пеш аз омадани президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, 10 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд. Инаст, ки Шавкат Мирзиёев зимни суханронияш ёдовар шуд, ки “ман бо дарҳои кушода ба Тоҷикистон омадам”.
Маросими гусели Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чун расми истиқболи расмӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса сурат гирифт.