Парлумони халқии Чин ба афзоиши муҳлати давраи раисҷумҳур раъй додааст. Дар парлумони халқии Чин, ҳизби ҳокими коммунистии ин кишвар, имрӯз якшанбе,11 март, дар нишасти солонаи худ ин мавзӯъро баррасӣ кард.
Тавре расонаҳои ҷаҳонӣ иттилоъ додаанд, бо тасвиби ин ислоҳи Қонуни асосии Чин, мӯҳлати раёсатҷмҳурӣ фақат ба ду давраи панҷсола маҳдуд нахоҳад шуд. Бинобар, бо ин иқдом Си Тзин Пин, раисҷумҳури феълии Чин, амалан метавонад пас аз поёни ду давраи панҷсолаи раёсатҷумҳурӣ бар сари қудрат боқӣ монад.
Пештар хабаргузории давлатии Чин гузориш дод, ки лағви маҳдудияти муҳлати муовини раисҷумҳур ҳам, аз дигар пешниҳодҳои марбут ба тағйири Қонуни асосӣ будааст. Аз рӯи маълумотҳо дар раъйдиҳии имрӯз ин пешниҳод низ ба мушкилии ҷиддӣ мувоҷеҳ нашудааст.
Аммо бархе аз гузоришҳо ҳокӣ аз он буда, ки теъдоди аз 2890 нафар аъзои парлумон шояд аз додани раъй худдорӣ кунанд, ки ин ба маънои мухолифати ошкор ва раъйи «не» ба пешниҳоди ироашуда талаққӣ мешавад. Ҳанӯз ҷузъиёти раъйҳои додашуда нашр нашудааст.