Муродалӣ Саидов, муҳофизи Эмомалӣ Раҳмон ба баҳонаи бунёди осорхона як масҷиди бузурги панҷвақтаро дар минтақи Кӯлоб тахриб кард.
Сокинони яке аз деҳоти ноҳияи Восеъ мегӯянд, ки дар ҳафтаи аввали моҳи марти соли ҷорӣ Муроди «телех», муҳофизи президент, ки аслан ба корҳои маъмӯрӣ дар ноҳия ҳеч дахле надорад, бинои як масҷиди калони панҷвақтаро дар деҳаи Хоҷа Қайнар тахриб кард.
Ба гуфти онҳо, бо амри Муродалӣ Саидов, маъруф ба Муроди «телех», масҷиди калони панвақтаи деҳаи Хоҷа Қайнари ноҳияи Восеъ, ки соли 1988 бо пули мардум сохта шуда буд ва тамоми асноди қайди давлатиро дошт, ба хок яксон карда шуд.
Ин масҷид дар маконе қомат афрохта буд, ки гирдогирди он табиъати зебое дошту низ дар атрофи он чандин чашмаҳои дорои обҳои босафо ва бар замми ин ҳама, ҳавзи калоне низ онҷо вуҷуд дорад, ки ба зебогии ин макон меафзояд. Макони хушманзарае, ки дар минтақаи Кӯлоб камназир аст.
Муродалӣ Саидов ҳадаф аз тахриби ин масҷидро бунёди як осорхона дар макони он унвон карда аст. Аммо чанде аз наздикони Муродалӣ Саидов ба мардуми маҳаллӣ гуфтаанд, ки ҳадафи асосӣ аз тахриби масҷид бунёди осорхона набуда, балки муҳофизи президент Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад, ки барои худаш дар он ҷо бӯстонсарои боҳашамате бисозад.
Тахриби масоҷид дар Тоҷикистон аз соли 2008 оғоз шуда, ба ҳукми анъана даромадааст ва намояндаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳо бо баҳонаҳои сохтаву бофта маконҳои ибодатии мусалмононро аз байн мебаранд.
Тоҷикистон дар панҷсолаи ахир бо эътирофи худи мақомот фаъолияти наздик ба 2 ҳазор масҷидро қатъ кард ва ҳамоно ин раванд идома дорад. Аммо ин, ки як муҳофизи президент масҷидеро ба хок яксон кунад, бори аввал аст!
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

