Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБидуни шиносномаи хориҷӣ сафар ба Ӯзбекистон номумкин аст

Бидуни шиносномаи хориҷӣ сафар ба Ӯзбекистон номумкин аст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шаҳрвандонро огоҳ кардааст, ки ҳанӯз созишномаи сафари бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳолати иҷро надаромадааст.

Вазорат ҳамчунин гуфтааст, ки сафар ба кишвари ҳамсоя танҳо бо шиносномаи хориҷӣ имкон дорад.

“Азбаски баъзе расонаҳо аллакай дар бораи ба иҷро даромадани Созишнома хабар паҳн карданд, Вазорати корҳои хориҷӣ ба манзури пешгирӣ аз нороҳатиҳо барои шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, ба маълумот мерасонад, ки барои амалигардонии ин Созишнома зарур аст,  то расмиёти дохилӣ аз ҷониби тарафҳо ба анҷом расад.”

Вазорати корҳои хориҷӣ  дар ин изҳороташ гуфтааст, ки ҳамроҳ бо мақомоти Ӯзбекистон ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди татбиқи расмиёти дахлдор   талоши заруриро анҷом медиҳад.

“Ҳамчунин ба маълумот мерасонем, ки сарҳади давлатиро танҳо тавассути шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  метавон убур кард” — омадааст дар изҳорот.

ВКХ Тоҷикистон гуфтааст дар бораи санаи эътибор пайдо кардани Созишнома иловатан маълумот дода хоҳад шуд.

Бо шиносномаи дохилӣ танҳо сокинони ноҳияҳои ҳаммарзи Ӯзбекистон ҳақи сафар ба ин кишварро доранд. Он ҳам то ҳудуди 30 километр.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular