Дар ин чанд рӯз саҳнаи аҷибе дар шоҳроҳҳои Чин мушоҳида мешуд. Онҷо мусофирбари навъи ҷадид аз санҷиш гузаронида шуд, ки ҳеҷ шулуғе (пробка) барояш мушкил нест: ин мусофирбар аз рӯи мошинҳо ҳаракат мекунад. Ба назар мерасад оянда ба ин навъ мусофирбарҳо тааллуқ хоҳад дошт ва бозори нақлиётҳои мусофирбари дигар танг мешавад.
Бо иттилои матбуоти Чин мусофирбари ТЕВ-1 бо муваффақият аз санҷиш гузаштааст. Ин мусофирбари бузургҷусса аз рӯи релсҳо ҳаракат мекунад ва бо шарофати баландии 4.8 метрие, ки дорад воситаҳои дигари нақлиётро аз зери худ мегузаронад. Бо шарофати васеъгиаш, ки 8 метр мебошад, ду хатҳои ҷодаро мепӯшонад.
Аз дохил ин мусофирбар вагони метроро ба хотир меорад, танҳо васеъгиаш 8 метру дарозиаш 22 метр аст ва ҳудуди 300 мусофирро метавонад ҷой диҳад.
Мақомоти Чин қасд доранд охири соли оянда истеҳсоли пайвастаи ТЕВ-1-ро роҳандозӣ кунанд, ки пеш аз ҳама ин намуди нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Тсинхуандаои устони Хэбэй ба ҳаракат хоҳад омад.