Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСафари ғайримунтазираи вазири дифои Амрико ба Афғонистон

Сафари ғайримунтазираи вазири дифои Амрико ба Афғонистон

Ҷеймс Метис, вазири дифоъи Амрико дар як сафари ғайримунтазира имрӯз  вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шудааст. Сафари вазири дифои Амрико дар ҳоле сурат мегарад, ки чанде пештар як гурӯҳи 800 нафара аз мушовирони низомии ин кишвар  ҳам вориди Кобул шудаанд, то ба сарбозони Афғонистон дар сафҳои аввали ҷанг бо Толибон ва ДОИШ машварат бидиҳанд.

Ба гузориши “Тулӯънюз”, қарор аст Метис бо раҳбарони Ҳукумати ваҳдати миллӣ ва фармондеҳони НАТО гуфтугӯ намояд.

Дар чанд моҳи аввали соли ҷорӣ вазъияти амниятии Афғонистон вахимтар шудааст ва дар ҳамалоти ҳаросафканон чандин шаҳрванди ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд. Ба хусус, пас аз шикасти ДОИШ дар Сурия бештари коршиносон бар ин бовар ҳастанд, ки нерӯҳои боқимондаи ДОИШ ба Афғонистон интиқол дода шудаанд. Бинобарин кишварҳои минтақа ва Русия низ аз ин кор бонги хатар мезананд.

Сафари Метис ҳам дар ин вазъият метавонад ба хотири ҳамин мавзӯъ бошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular