Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВКД ҶТ сомонаи «Ахбор»-ро ба нашри маълумоти бардурӯғ муттаҳам кард

ВКД ҶТ сомонаи «Ахбор»-ро ба нашри маълумоти бардурӯғ муттаҳам кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пойгоҳи хабарии “akhbor.com”-ро ба нашри маълумоти бардурӯғ ва хабарҳои иғвобарангез мутаҳҳам намуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як , ки ба сомонаи “akhbor.com” тааллуқ дорад, гуфтааст, ки хабари нашршуда дар ин сомона, таҳти унвони «Нархро арзон накунед! Муноқишаи байни тоҷирони тоҷику ӯзбек дар Конибодом», хабари бардурӯғ ва иғвобарангез буда ба ҳақиқат наздикӣ надорад.

“Ҷиҳати санҷиши асоснокии хабари дарҷгардида аз ҳисоби масъулини мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд бо шаҳрвандон ва тоҷирони шаҳри Конибодом ва дигар ноҳияҳои наздисарҳадӣ сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуданд. Дар натиҷа маълум гашт, ки хабари мазкур бардурӯғ ва иғвобарангез буда ба ҳақиқат наздикӣ надорад”. — омадааст дар раддия.

Бино ба манбаъ, “рафтуомади шаҳрвандони ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвари бо ҳам бародар дӯстона давом дошта ягон ҳолати муноқишаи байни шаҳрвандон ва тоҷирони ду кишвар сари баландшавии нархи маҳсулот ҷой надорад”.

Ёдовар мешавем, ки  санаи 10 марти соли 2018 сомонаи хабар дода буд, ки ду манбааш аз шаҳри Конибодом хабар додаанд,  шоми 8 март дар бозори ин шаҳр байни тоҷирони маҳаллӣ ва тоҷирони ӯзбекистонӣ дар масъалаи нарх муноқиша сар задааст.

«Савдогарони маҳаллӣ ӯзбеконро нагузоштаанд ки вориди бозор шаванд. Ҳатто дошта задаанд ӯзбекони бечораро, ки молашон арзон буд.” — омада буд дар хабар.

Як манбаъи дигари ин сомона низ, аз шаҳри Конибодом гуфт буд, баъди кушода шудани гузаргоҳи марзии Патар – Андархон дар марзи Конибодом бо вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сели тоҷирон аз кишвари ҳамсоя бо маҳсулоти арзон ба бозорҳои Конибодому Исфара рехтанд.

«Як халта ордро 60 сомонӣ мефурӯшанд, килои шакарашон – 4 сомонӣ аст. Ҷорӯбро, ки пештар як донааш дар Конибодом 15 сомонӣ буд, тоҷирони ӯзбекистонӣ бо нархи 10 сомонӣ барои 3 дона ба фурӯш гузоштанд. Ин боиси эътирози тоҷирони маҳаллӣ ҳам дар Конибодому ҳам дар Исфара шудааст Онҳо аз рақибони ӯзбекистониашон талаб карданд, ки нархро назананд, вагарна ба бозор роҳашон намедиҳанд. Шоми 8 март дар Конибодом байни савдогарони маҳаллӣ ва тоҷирони ӯзбекистонӣ занозанӣ ҳам шуд барои нарх.” — гуфта буд манбаъи akhbor.com.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular