Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТАлКо бо ширкатҳои ӯзбекистонӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид

ТАлКо бо ширкатҳои ӯзбекистонӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид

Миёни ширкатҳои Ӯзбекистон ва ширкати алюминии Тоҷикистон ТАЛКО панҷ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки дар умум миқдори 460 млн доллар маблағро дар ташкил мекунад.

Ширкати ТАЛКО бо ширкати KRANTAS GROP бобати то соли 2020 сохта ба истифода додани коргоҳи истеҳсоли автомобилӣ созишнома баст, ки    3, 5 миллион доллар маблағ масраф мегардад.

Бо ширкати «Техно Кабел Груп» ба арзиши 7, 5 миллион доллар барои истеҳсоли ноқилҳои алюминӣ созишнома ба имзо расид.

Ширкати «ТАЛКО Менеджмент ЛТД» ва ширкати «Блу Белл Глобал Вечер» дар муддати се сол ба қимати 52, 5 млн доллар барои истеҳсолу фурӯши маҳсулот созишнома имзо карданд.

Боз «Ноқили ТАЛКО» як қаноти корхонаи ТАЛКО  бо ширкати Ӯзбекистонии «Техно Кобель Груп» бо арзиши 9 млн доллар дар истеҳсолу фурӯши маҳсулот ба муфовиқа расиданд.

Бояд гуфт, ба назар мерасад, Ӯзбекистон ба кишвари бародари ҳамсояи Тоҷикистон баробари ҳамкорӣ кору фаъолиятро низ омӯзиш медиҳад.  То ба ҳол ғолибан коркарду истеҳсоли аксари корхонаҳои Тоҷикистонро тоҷирони Чин ба роҳ мемонданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular