Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Чин сафар кард

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Чин сафар кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии  сармураббӣ  Ҳаким  Фузайлов  19 март барои гузаронидани  ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар доираи омодагӣ ба бозии даври охирини мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 ба муқобили дастаи  мунтахаби Филиппин ба Чин сафар намуд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар шаҳри Чаншаи Чин то рӯзи 23  март идома меёбад.

Баъдан даста аз онҷо ба Манила сафар мекунад. Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои  мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон 27 март дар Манила, дар Варзишгоҳи ба номи Хосе Рисал, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30  ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи январи соли оянда дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар бозӣ ба муқобили дастаи Филиппин танҳо ғалаба зарур аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular