Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ҳаштумин Нишасти ҷаҳонии об дар Бразилия бар таҳкими равобити дӯстона байни ду кишвар таъкид карданд.
Дар ин бора расонаҳои Эрон иттилоъ додаанд.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон дар нишасти муштараке аз тавсеаи фаъолиятҳои дуҷониба дар қолаби комиссияи муштараки ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф истиқбол карданд.
Ин ду вазир ҳамчунин дар бораи баргузории иҷлоси комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар дар ноябри соли 2018 дар Теҳрон тавофуқ карданд.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ дар ин нишаст зимни даъвати расмӣ аз раиси ҷумҳур ва вазири нерӯи Эрон барои ширкат дар нишасти сарони об дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, аз тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳо дар заминаи манобеи об, ба вижа мушорикати ширкатҳо ва мутахассисони эронӣ дар тарҳҳои муртабит дар Тоҷикистон истиқбол кард.
Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон дар навбати суханронии худ бар ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалии об ва тавсеаи пойдор (2018-2028) таъкид кард.
Ҳаштумин нишасти Шӯрои ҷаҳонии об бо шиори «Об барои ҳама» 18 то 23-юми март дар шаҳри Бразилия, пойтахти кишвари Бразилия баргузор мешавад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

