Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНекӣ Ҳилӣ: Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хориҷ мешавад

Некӣ Ҳилӣ: Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хориҷ мешавад

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар нишасти солиёна бо ҳимоят аз ҳаққи Фаластиниён 5 қатънома зидди Исроил тасвиб кард.

Дар вокуниш ба иқдоми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, ки бо ҳимоят аз ҳаққи Фаластиниён 5 қатънома зидди Исроил тасвиб намуд, Некӣ Ҳилӣ, намояндаи Амрико дар СММ таҳдид кард, ки Амрико аз ин шӯро хориҷ мешавад.

«Вақте Шӯрои ҳуқуқи башари СММ бо Исроил бадтар аз Кореяи шимолӣ, Эрон ва Сурия рафтор мекунад, ин кор аҳмақона аст. Замони он фаро расида, ки кишварҳо шурӯъ ба эҷоди тағйирот дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ кунанд».- таъкид намуд Ҳилӣ.

Некӣ Ҳилӣ афзуд: «Амрико ба арзёбии мушорикат дар Шӯрои ҳуқуқи башар идома медиҳад. Сабри мо номаҳдуд нест. Иқдоми имрӯзаи Шӯрои ҳуқуқи башар нишон дод, ки ин созмон эътибори мавриди ниёз барои ривоҷи ҳуқуқи башарро надорад».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular