Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТалоши Олмон барои узвият дар Шӯрои амнияти Созмони милал

Талоши Олмон барои узвият дар Шӯрои амнияти Созмони милал

Вазири умури хориҷаи Олмон аз талоши муҷаддади ин кишвар барои номзади узвияти ғайридоим дар Шӯрои амнияти Созмони милал хабар дод.

Ҳайко Маас, вазири умури хориҷаи Олмон дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар мақари Созмони милали муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк, бо баёни ин ки Олмон талош дорад ба унвони яке аз кишварҳое, ки нақши муҳиме дар кӯмакҳои башардӯстона ифо мекунад ва бештарин саҳмро дар таъмини ҳазинаҳои Созмони милал дорад, дар Шӯрои амнияти Созмони милал намояндагӣ намояд, изҳор дошт: мубориза бо тағйироти иқлимӣ дар миёни авлавиятҳои Олмон қарор дорад.

Вай дар идома хабарҳо мабнӣ бар рақобати ин кишвар бо Исроил барои узвияти ғайридоим дар Шӯрои амниятро такзиб кард.

Шӯрои амнияти Созмони милал аз намояндагони 5 кишвар ба унвони аъзои доим ва дорои ҳаққи вето шомили кишварҳои ИМА, Русия, Фаронса, Чин ва Англия ва ҳамчунин 10 узви ғайридоим ташкил шудааст.

Ин даҳ узви ғайрдоим барои тазмини риояти баробарии ҷуғрофиёӣ ҳар ду сол аз миёни панҷ гурӯҳ аз кишварҳои африқоӣ, осиёӣ, Аврупои шарқӣ, Амрикои лотин ва Аврупои ғарбӣ баргузида мешаванд.

Олмон, Белгия ва Исроил худро кондидои узвияти ғайридоим дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид барои солҳои 2019 — 2020 кардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular