Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТазоҳургарон дар Озарбойҷон: Зиндониёни сиёсиро озод кунед

Тазоҳургарон дар Озарбойҷон: Зиндониёни сиёсиро озод кунед

Дирӯз 31 март дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мухолифони ҳукумати ин кишвар ба хиёбонҳо рехта, таҷаммуъи эътирозӣ барпо намуданд.

Гуфта мешавад, ин тазоҳурот бо ибтикори Шӯрои миллии нерӯҳои демократии Озарбойҷон ва гурӯҳи “Мусовот” ба миён омадааст.

Дар ин тазоҳурот мухолифон аз ҳукумат талаб кардаанд, ки зиндониёни сиёсиро аз маҳбас озод кунанд.

Талаби озодии зиндониёни сиёсӣ аз ҳукумати Озарбойҷон дар ҳолест, ки ба баргузории интихоботи президентии Озарбойҷон камтар зиёдтар аз як ҳафтаи дигар мондааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular