Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶавоби ҳамсон: Тоҷикистон иҷозатномаи 11 хатсайри ҳавоии Русияро бозхонд кард

Ҷавоби ҳамсон: Тоҷикистон иҷозатномаи 11 хатсайри ҳавоии Русияро бозхонд кард

Мақомоти Тоҷикистон аз имрӯз, 2 апрел иҷозатномаҳои парвоз ба Душанбе ва Хуҷандро аз минтақаҳои Русия аз 5 ширкати русиягӣ: «Уралские авиалинии», UTair, «Сибир», «Северний ветр» ва «Глобус» бозхонд мекунад, ки дар ин сурат 11 хатсайри ҳавоӣ миёни кишварҳо қатъ мешавад.

Тибқи ин иқдом мақомоти авиатсионии Тоҷикистон иҷозатномаҳои парвозро ба Душанбе — аз Екатеринбург, Новосибирск, Иркутск, Краснодар, Красноярск, Санкт-Петербург, Самара ва ба Хуҷанд — аз Новосибирск, Санкт-Петербург, Самара ва Сургут бозхонд мекунанд.

Дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин тадбирҳои маҷбурии ҷавобӣ ба қарори Росавиатсия дар бораи манъи парвозҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба Русия ба 11 самт аст.

Тавре хабаргузории АзияПлюс иттилоъ медиҳад, парвози ҳавопаймоҳои 5 ширкати Русия — «Уралские авиалинии», UTair, «Сибир», «Северний ветр» ва «Глобус» тариқи 11 хатсайр аз Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон манъ мешавад.

Рӯзи 3 апрел ҳайати Тоҷикистон ба Маскав раҳсипор мешавад, то ки бо мақомоти авиатсионии Русия ҷиҳати ҳалли мушкилоти ба миёномада гуфтушунид гузаронад. Ба ҷуз намояндагони мақомоти авиатсионӣ, ба ин ҳайат ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва адлияи ҷумҳурӣ низ шомиланд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular