Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон даҳҳо нафар аз истеъмоли яхмос заҳролуд шудаанд.
Сухангӯи Идораи тандурустии вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Мира Сулеева ба расонаҳо гуфтааст, шумори сокиноне, ки дар шаҳри Чимкент аз яхмос заҳролуд гаштаанд, ба сад нафар наздик шуд.
«Шаҳрвандоне, ки дар пайи заҳролудшавӣ аз яхмос ба беморхона муроҷиат кардаанд, ҳудуди 100 нафаранд. Ҳамаи онҳо бистарӣ ва аз ташхис гузаронида шуданд», — гуфтааст Сулеева.
Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи ташхис то ҳол муайян нашудааст ва шумори дақиқи заҳролудшудаҳо низ баъд аз анҷоми ташхис маълум мешавад.
Ҳокими вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Жансеит Туймебоев дирӯз 2 апрел бо осебдидагон мулоқот кардааст. Ӯ кори маркази санитарӣ ва эпидемиологии вилоятро танқид карда, аз марказҳои ғизои ом даъват кард, ки меъёрҳои беҳдоштиро риоя кунанд.
Расонаҳо 29 март хабар доданд, ки дар шаҳри Чимкент даҳҳо сокин аз яхмос заҳролуд шуданд. То 30 март беш аз 40 кас бистарӣ гаштанд. Ҳамаи онҳо аз як фурӯшгоҳ яхмос харидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки таркиби асосии яхмосҳои имрӯзаро хокаҳои кимёвӣ, шириниҳо ва маҳсулотҳои сунъие, ки кишварҳои Осиёи миёна бештар аз Чин харидорӣ мекунанд, ташкил медиҳад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

