Thursday, June 19, 2025
ads
HomeХабарҳоФошкориҳои “Диссернет”: асардуздии раиси вилояти Хатлон, писари вазири маориф ва дигар “олимон”-и...

Фошкориҳои “Диссернет”: асардуздии раиси вилояти Хатлон, писари вазири маориф ва дигар “олимон”-и тоҷик

Пойгоҳи “Диссернет”, ки қаблан ҳам дар бораи асардуздиҳои “олимон”-и тоҷик гузориш дода буд ва чанд нафар дар паи он аз унвонҳои илмӣ маҳрум шуда буданд, ин дафъа аз асардуздии (плагиат) раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода ва писари вазири маориф Шоҳин Саидов иттило нашр кардааст.

“Диссернет” дар рисолаи илмии раиси вилояти Хатлон 165 мавриди дуздӣ аз асарҳои чор олим пайдо кардаст.

Рисолаи илмии Давлатшо Гулмаҳмадзода дар мавзӯи «Идораи манобеъи замини минтақаи коргир дар шароити ислоҳоти агарарӣ” (Управление земельными ресурсами трудоизбыточного региона в условиях аграрной реформы)” ки 12 декабри соли 2009 ҳимоят карда шудааст, сабаби гирифтани унвони номзади илмҳои иқтисод аз тарафи ин мансабдор-олим шудааст.

Номзади илмҳои иқтисодӣ Давлатшо Гулмаҳмадзода

«Диссернет” ифшо кардааст, ки раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон дар рисолааш аз асарҳои олимоне, чун Хуршед Давлатов (роҳбари илмии Гулмаҳмадзода) Ихтиёр Ашӯров (собиқ муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон), Геннадий Мешеряков ва Бахит Оспанов бидуни зикри манбаъ истифода бурдааст.

Қаблан «Диссернет” асардуздии директори ин Пажӯҳишгоҳ  иқтисоди хоҷагии кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  Назрулло Амировро низ ошкор карда буд, ки дар натиҷа Амиров барои плагиат аз унвони номзади илмҳои иқтисодӣ маҳрум шуд. Гулмаҳмадзода рисолаи дуздиашро дар ҳамин Пажӯҳишгоҳ ҳимоя кардааст.

Ин пойгоҳ ҳамчунин асардуздии писари вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоҳин Нурович Саидовро фош карда, хабар медиҳад Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия як моҳ пеш тавсия додааст Шоҳин аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум карда шавад.

Собиқ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шоҳин Саидов

«Диссернет” навиштааст, писари вазири маориф дар рисолаи номзадиаш саҳифаҳои зиёде аз рисолаҳои чанд олими рус, аз ҷумла Дмитрий Коземаслов, Галина Качкина, Любов Родина ва Ирина Розуман рӯйбардор карда, танҳо калимаи “Русия”-ро бо калимаи “Тоҷикистон” иваз кардааст.

Ба назар мерасад Шоҳин Саидов вақте калимаҳоро иваз мекард, аслан матни рисолаҳоро нахондааст, чун дар иқтибосҳояш аз олимони рус пажӯҳишҳои онҳо дар бораи қонунгузории Русияро ба қонунгузории Тоҷикистон иваз кардааст.

“Диссернет ҳамчунин аз асардуздии “олимон”-и тоҷик Султонов Абдулло Бобоқулович, досенти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Фозилхонов Дилшод Отаҷонович, досенти Донишгоҳ славянии Тоҷикистону Русия, Собиров Нурали Миралиевич, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Набиев Тоҳир Толибович, доктори илм ва муаллими Донишгоҳ славянии Тоҷикистону Русия иттило додааст. Аксари рисолаҳои ин “олимон”-и тоҷик аз асраҳои олимони рус рӯйбардор карда шуда, танҳо Русияро ба Тоҷикистон иваз кардаанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?