Wednesday, June 18, 2025
ads
HomeХабарҳоМанъи вуруд бо худрави сиёҳшиша ба Ӯзбекистон

Манъи вуруд бо худрави сиёҳшиша ба Ӯзбекистон

Ворид шудан ба қаламрави Ӯзбекистон бо худравҳое, ки шишаҳояшон сиёҳ карда шуда аст  манъ гардидааст.

Дар ин бора хабаргузории АзияПлюс  аз рӯи нақли як манбаъаш, ки шоҳиди манъ кардани худравҳои сиёҳшишадор дар сарҳад будааст, хабар додааст.

«Ман дар Тошканду Самарқанд будам, лекин ҳозир вақте хостам, ки дубора ба Ӯзбекистон ворид шавам, иҷоза надоданд. Аксари худравҳое, ки аллакай маблағи полиси суғуртавиро пардохт карданд, маҷбур шуданд, ки шишаҳои мошинро тоза карда, баъд ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шаванд», — гуфтааст манбаъ

Оҷонсии  давлатии хабаргузории Ӯзбекистон   буд, ки тибқи қонунгузорӣ сиёҳ кардани шишаи худравҳо дар ин кишвар манъ буда, иҷрои ин қонун барои сайёҳон ҳам дахл дорад ва сайёҳонро оид ба ин масъала замони вуруд ба Ӯзбекистон дар сарҳад огоҳ мекунанд ва агар ронанда шишаи худравҳояшро тоза накунад, корманди БДА Ӯзбекистон  метавонад ӯро ҷарима кунад.

Лекин баъдан нашрияи бо истинод ба Раёсати БДА Тошканд хабар дод, ки дар мавриди ин кор дар давраи рӯзҳои ид ба шаҳрвандони хориҷие, ки тариқи транзит аз Ӯзбекистон мегузаранд, сайёҳон ва кормандони намояндагони дипломатӣ ҳаракат бо худравҳои сиёҳшиша иҷоза мешавад.

Маълум мешавад, ки ин истисно танҳо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз амал мекардааст. Аз ин рӯ, акнун шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо худрави худ азми сафар ба Ӯзбекистонро доранд, бояд ин масъаларо ба инобат бигиранд, ки дигар бо шишаҳои сиёҳ ворид шудани худравро ба ин кишвар иҷоза намедиҳанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?