Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБа Тоҷикистон гази ӯзбекӣ омад

Ба Тоҷикистон гази ӯзбекӣ омад

Бар асоси қарордоди имзошудаи байни Тошканд ва Душанбе, содироти газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз сар гирифта шуд.

Қарордоди содироти гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки дар чорчуби сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон ба Душанбе дар моҳи марти соли ҷорӣ имзо шуда буд, аз тариқи хати лулаи гази Музробод-Душанбе оғоз шудааст.

Шавкат Шоимомов, муовини аввали раиси ширкати саҳомии “Тоҷиктрансгаз” изҳор дошт: Имрӯз барои мардуми мо як рӯзи хуш аст. Содироти газ аз Ӯзбекистон ба кишвари мо оғоз шуда ва ин амр дар натиҷаи тавофуқоти ба даст омадаи байни руасои ҷумҳури ду кишвар имконпазир шуд.

Бар асоси ин қарордод, соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 126 миллион метри мукааб газ ба арзиш куллии 15 миллиону 100 ҳазор доллар содир мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular