Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚисмате аз Боғи марказии шаҳри Ваҳдатро барои сохтмон фурӯхтаанд

Қисмате аз Боғи марказии шаҳри Ваҳдатро барои сохтмон фурӯхтаанд

Қисмати сарироҳии боғи истироҳатии шаҳри Ваҳдатро барои сохтмони биноҳои бисёрошёна ҷудо кардаанд.

Сохтмон дар минтақа кайҳо оғоз шуда, қисмате аз биноҳои  бисёрошёна аллакай сохта шудаанд. Тибқи иттилои манбаъи Паём ин китъаи боғи истироҳатӣ бо супориши раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода барои сохтмон ҷудо гардидааст.

Манбаъ мегӯяд ширкати сохтмони барои ҷудо кардани ин қитъа 100 ҳазор доллар пардохт кардааст.

Раҳмоналӣ Амирзода аз ҳамяроқони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Фронти халқӣ аст. Ӯ то соли 2013 раиси шаҳри Исфара — дуввумин ноҳияи бузурги вилояти Суғд буд ва аз онҷо ба раёсати ноҳияи Ваҳдат — бузургтарин ноҳияи кишвар рафт. Узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аст.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular