Ширкати TK Mobile бо сабаби ба корхонаи асосии худ — ZTE қарздор шудан бо талаби муфлис эълон кардан ба Суди иқтисодӣ даъво пеш овардааст.
Аллакай ду моҳ пеш, моҳи феврал ширкати TK Mobile ба муштариёни худ смс-паёмак фиристода, онҳоро огоҳ намуда буд, ки дигар тавозуни пулии худро пур накунанд. Моҳи март алоқаи 10 ҳазор нафар муштариён қатъ шуд.
Дар худи ширкат ба собиқ муштариён тавсия медиҳанд, ки сим-кортҳои нави дигар ширкатҳои мобилиро харидорӣ намоянд.
Муовини директори TK Mobile Нурмад Шукуров ба хабаргузории АзияПлюс гуфтааст, ки ширкат ба корхонаи асосии худ — ZTE қарздор шудааст.
«Ширкати ZTE-и Чин барои мо — филиали тоҷикистонӣ таҷҳизот харида, лекин дар натиҷа мо қарзҳоро баргардонида натавонистем. Дар ин робита ZTE бо талаби муфлис эълон кардани ширкат ба Суди иқтисодӣ даъво пеш овард», — гуфтааст Шукуров.
Бояд гуфт, ки ширкати TK Mobile ягона ширкати хидматрасонии алоқаи мобилие нест, ки муфлисшавӣ, худбарҳамдиҳӣ ва аз даст додани саҳмҳояш расонаӣ мешавад.
Чанд рӯз пеш ширкати тобеъи VEON, ки қаблан «ВимпелКом» номида мешуд ва дар Тоҷикистон “Таком” ном дорад, сурат гирифта буд.
Ширкат расман ба Zet mobile фурӯхта шудааст. Zet mobile ширкати тобеъи ТАлКо мебошад, ки ба Ҳасан Асадуллозода таъаллуқ дорад. Асадуллозода Zet mobile-ро соли 2003, баъди муфлис шуданаш ба даст оварда буд.
Ёдрас мекунем, ки TK Mobile дар бахши хизматузории телекоммуникатсионӣ бо стандарти CDMA2000 фаъолият намуда, соли 2004 таъсис ёфта буд. Ширкат дар заминаи гуфтушунид ва ҳамкорӣ дар соҳаи телекоммуникатсия байни Вазорати алоқаи Тоҷикистон ва Корпоратсияи телекоммуникатсионии ZTE-и Чин боз шуда, 51%-и саҳмияҳои ширкат ба ҷониби Чин ва 49% — ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.