Wednesday, June 18, 2025
ads
HomeХабарҳоБОР: Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2018 суст мешавад

БОР: Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2018 суст мешавад

Бонки осиёгии рушд  пешгӯӣ кардааст, ки афзоиши иқтисоди Тоҷикистон  дар соли 2018 нисбат ба соли гузашта, 1,1% суст шуда, баробари 6% хоҳад буд.

Тавре, дар сомонаи иқтисодии Бонки осиёгии рушд (минбаъд БОР)  омадааст,  БОР суръати афзоиши ММД Тоҷикистонро дар соли 2018 — ба андозаи 6% ва соли 2019 — 6,5% пешгӯӣ мекунад. Соли 2017 ин нишондиҳанда ба 7,1% баробар будааст.

Пешгӯиҳои БОР вобаста ба рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2018 бар асоси шадид шудани низоми молиявӣ дар посух ба таносуби баланди қарзи давлатӣ нисбати ММД таҳия шудааст, ки шояд сармоягузориҳои давлатиро маҳдуд сохта, бахши начандон қавии бонкӣ сармоягузориҳои хусусиро бозмедорад.

Ёдрас мекунем, ки қарзи давлатии Тоҷикистон беш аз 3,6 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки ба 51%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст. Соли 2017 ҳаҷми ММД Тоҷикистон наздики 7 млрд. долларро ташкил дод.

Гуфта мешавад, сарфи назар аз афзоиши рушди иқтисод аз соли 1997 то соли 2016 ба ҳисоби миёна ба андозаи 7,2% ва зиёдшавии шумори аҳолии коршоям, дар Тоҷикистон ба таври кофӣ ҷойҳои кории сермаҳсул таъсис дода намешаванд.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?