Бонки осиёгии рушд пешгӯӣ кардааст, ки афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2018 нисбат ба соли гузашта, 1,1% суст шуда, баробари 6% хоҳад буд.
Тавре, дар сомонаи иқтисодии Бонки осиёгии рушд (минбаъд БОР) омадааст, БОР суръати афзоиши ММД Тоҷикистонро дар соли 2018 — ба андозаи 6% ва соли 2019 — 6,5% пешгӯӣ мекунад. Соли 2017 ин нишондиҳанда ба 7,1% баробар будааст.
Пешгӯиҳои БОР вобаста ба рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2018 бар асоси шадид шудани низоми молиявӣ дар посух ба таносуби баланди қарзи давлатӣ нисбати ММД таҳия шудааст, ки шояд сармоягузориҳои давлатиро маҳдуд сохта, бахши начандон қавии бонкӣ сармоягузориҳои хусусиро бозмедорад.
Ёдрас мекунем, ки қарзи давлатии Тоҷикистон беш аз 3,6 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки ба 51%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст. Соли 2017 ҳаҷми ММД Тоҷикистон наздики 7 млрд. долларро ташкил дод.
Гуфта мешавад, сарфи назар аз афзоиши рушди иқтисод аз соли 1997 то соли 2016 ба ҳисоби миёна ба андозаи 7,2% ва зиёдшавии шумори аҳолии коршоям, дар Тоҷикистон ба таври кофӣ ҷойҳои кории сермаҳсул таъсис дода намешаванд.