Ду зиндоние, ки аз зиндони шумораи 51-и минтақаи Балиқчии Қирғизистон фирор карда буданд, то ба ҳол дастгир нашудаанд.
Тавре расонаҳои қирғизӣ менависанд, мақомоти амниятии Қирғизистон ҳанӯз ба боздошти ду зиндонии фирорӣ, ки яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон аст, муваффақ нашудаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта зиндонии тоҷик бо номи Зафарҷон Исматов ба ҳамроҳи зиндонии дигаре ба номи Аскарҷон Буриев, аз кишвари Ӯзбакистон, аз зиндони шумораи 51-и минтақаи Балиқчии Қирғизистон фирор карда буданд.
Зафарҷон Исматови 38 сола, сокини ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистон, ба иттиҳоми дуздӣ дар Қирғизистон маҳкум ба зиндон шуда буд.
Мақомоти амниятӣ ва интизомии Қирғизистон барои дастгирии зиндониёни фирорӣ дар ҳоли анҷоми амалиёте бо унвони “Перехват” ҳастанд, ки то ба ҳол натиҷабахш набудааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

