Saturday, January 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЮНИСЕФ куштори кӯдакон дар ҳамлаҳои низомиёни исроилӣ алайҳи Ғаззаро маҳкум кард

ЮНИСЕФ куштори кӯдакон дар ҳамлаҳои низомиёни исроилӣ алайҳи Ғаззаро маҳкум кард

Сандуқи кӯдакони СММ “ЮНИСЕФ” бо нашри як баёния гуфтааст аз кӯдакони фаластинӣ дар Ғазза бояд ҳимоят карда шавад.

Хайрат Кабаларӣ, мудири минтақаии ЮНИСЕФ дар Ховари Миёна ва шимоли Африқо бо нигаронӣ гуфтааст, ки дар ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба роҳпаймоёни фаластинӣ дар  Ғазза, дар 10 рӯзи гузашта, се кӯдак кушта ва даҳҳо кӯдаки дигар ба шиддат захмӣ шудаанд.

“Солҳост, ки кӯдакони Ғазза дар шароити бисёр баде ба сар мебаранд ва аз ҳар чаҳор кӯдаки ғаззаӣ яке ниёзманди имдоди рӯҳӣ ва иҷтимоӣ аст. 250 ҳазор нафар аз ҷамъияти Ғаззаро кӯдакон ташкил медиҳанд”.- гуфтааст Хайрат Кабаларӣ.

Ӯ дар баёнияи худ ҳамчунин эълом кардааст, ки танҳо 10 дарсади хонаводаҳои борикаи Ғазза ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд.

Хайрат Кабаларӣ таъкид кардааст, ки ҳамлаҳои низомиёни исроилӣ алайҳи мардуми осоиштаи Ғазза ва куштори кӯдакон як амали зиддибашарӣ буда бояд, маҳкум карда шавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular