Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБОР: Андозҳои сангин, ришвахорӣ ва тамаъҷӯӣ аз соҳибкорон сармоягузоронро метарсонад

БОР: Андозҳои сангин, ришвахорӣ ва тамаъҷӯӣ аз соҳибкорон сармоягузоронро метарсонад

Бонки осиёгии рушд  пешгӯӣ кард, ки афзоиши иқтисоди Тоҷикистон  дар соли 2018 нисбат ба соли гузашта, 1,1% суст шуда, баробари 6% хоҳад буд.

Тавре, дар сомонаи иқтисодии Бонки осиёгии рушд (минбаъд БОР)  омадааст, БОР суръати афзоиши ММД Тоҷикистонро дар соли 2018 — ба андозаи 6% ва соли 2019 — 6,5% пешгӯӣ мекунад. Соли 2017 ин нишондиҳанда ба 7,1% баробар будааст.

Пешгӯиҳои БОР вобаста ба бар асоси шадид шудани низоми молиявӣ, дар посух ба таносуби баланди қарзи давлатӣ нисбати ММД таҳия шудааст, ки шояд сармоягузориҳои давлатиро маҳдуд сохта, бахши начандон қавии бонкӣ сармоягузориҳои хусусиро бозмедорад.

БОР мегӯяд, маҳз низоми заифи молӣ ва заъфи бонкҳо дар таъмини иқтисод бо сармояи лозим метавонад сабаби суст шудани рушди иқтисодии Тоҷикистон гардад.

Прадип Шривастава

Прадип Шривастава, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе рӯзи 12-уми апрел дар шарҳи ин пешгӯиҳои БОР гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон бояд барои ривоҷу равнақ ёфтани бахши хусусӣ саъй кунанд, ки як ҷузъи калидии иқтисоди ҳар кишвар аст.

«Дарёфти қарзҳои бонкӣ барои бахши хусусӣ душвор мебошад. Мақомоти тоҷикро зарур аст низоми бонкии Тоҷикистонро бозбинӣ кунад. Гузашта аз ин, фазои сармоягузорӣ бояд ба таври ҷиддӣ беҳбуд ёбад. Феълан ҳама умедҳо ба сармоягузории дохилӣ равона шудааст, аммо бояд бештар сармоягузорони хориҷиро ҷалб сохт»,- гуфтааст Прадип Шривастава.

Ба бовари намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон, “бо беҳбуд ёфтани нишондодҳои тиҷоратии Тоҷикистон, майли сармоягузорони хориҷӣ барои сармоягузорӣ ба кишвар меафзояд. Фазои сармоягузорӣ дар кишвар бисёр вақт танқид мешавад. Расмиёти зиёд, молиёт ва бахусус ришвахорӣ ва тамаъҷӯӣ аз соҳибкорон ва сармоягузорон аз монеаҳои аслие номида мешаванд, ки сармоягузорони эҳтимолиро аз омадан ба Тоҷикистон метарсонанд”.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular