Бонки миллӣ тасмим гирифтааст барои тақвият бахшидан ба системаи бонкии кишвар ва баргардонидани боварии мардум ба бонкҳо дар ояндаи наздик иқдомоте пиёда созад.
Ҳамчунин бонки миллӣ мехоҳад ҳимояи ҳуқуқ ва манофеъи муштариёни бонкро қавитар кунад ва сатҳи маданияти молиявии аҳолиро боло барад.
“Барои таъмини суботи молиии системаи бонкӣ ва ҳимояи он аз таъсири авомили беруниву дохилӣ, сиёсати макропруденсиалӣ (сиёсати бузурги эҳтиётӣ) ва сиёсати мудирияти рискҳо роҳандозӣ карда мешавад” — гуфта шудааст дар Пешбинии сиёсати пулӣ-қарзии ҶТ барои соли 2018.
Ин тасмимҳои Бонки миллӣ “мониторинг ва назорат аз болои иҷроиши муқаррароти пруденсиалӣ (эҳтиётӣ) аз тарафи ташкилоти қарзӣ ва чораандешӣ барои кам кардани рискҳои системаи бонкиро” дар назар гирифтааст.
Мутахассисони Бонки Миллӣ роҳандозии як қатор чораандешиҳо дар ояндаи наздикро (дар солҳои 2018-2020), ки ба андешаи онҳо системаи бонкии кишварро тақвият мебахшад, мувофиқи мақсад медонанд.
Системаи бонкии Тоҷикистон соли саввум аст, ки дар бӯҳрони қарор дорад. Чанд бонк иҷозатномаҳояшонро аз даст доданд ва айни ҳол раванди азбайнбарии онҳо ҷараён дорад, чанд бонки қаблан муваффақи кишвар дар остонаи муфлисшавӣ қарор доранд. Аксари муштариёни ин бонкҳо то ҳанӯз натавонистаанд маблағҳои худро бозгардонанд.
Дар ҳоле, ки дар ин се сол бо муфлисшавии ду бонки системташкилдиҳанда ва аз байн рафатни чанд бонки дигар, системаи бонкӣ қисман хароб шудааст ва бонкҳо боварии мардумро аз даст додаанд, оё Бонки миллӣ метавонад дар се соли оянда онро баргардонад?
Коршиноси масоили иқтисодӣ Абдуманнон Шералиев мегӯяд, Бонки миллӣ хеле дер кардааст. “Чораандешии бонки миллӣ ба васл кардани системаи зиддисӯхторӣ баъди сӯхторро мемонад. Ин чораҳо бояд ҳади ақал 5 сол андешида мешуданд, на замоне ки ними системаи бонкии кишвар сӯхт, ва ними дигараш аз ин сӯхтор зарар дид”.
Ӯ мегӯяд “15 сол лозим шуд, ки натиҷаи хоболудии мақомоти тоҷик дар бӯҳрони пулии баъдишӯравӣ бартараф шавад ва мардум ба бонкҳо бовар кунад. Барои аз даст додани боварии муштарӣ ҳамагӣ як тақаллуб, як бӯҳрон кофӣ аст, вале ба даст овардани он солҳои зиёд мехоҳад. Чораандешиҳо метавонанд баъди 10-15 соли дигар боварии мардумро баргардонад, вале ин кор дар салоҳияти Бонки миллӣ нест ва ин даъвояш популизме беш нест. Ва дар шароити феълии Тоҷикистон ғайриимкон аст.”