Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар — аз Туркия хостаанд роҳбарони «Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шариповро ба мақомоти Тоҷикистон таслим накунанд. Ин ду созмон тадаб кардааанд Туркия Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шариповро ҳарчӣ зудтар озод кунанд.
Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия гуфтаанд дар сурати истирдодашон дар Тоҷикистон Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шариповро шиканҷа таҳдид мекунад.
Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насимҷон Шарипов, намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия бо дархости мақомоти Тоҷикистон рӯзи 19 март дар Истамбули Туркия боздошт шуданд. Баъдан додгоҳи конститутсионии Туркия истирдоди онҳоро барои се моҳ ба таъхир андохта, ба мақомоти Туркия дастур дод дар ин муддат паёмадҳои эҳтимолии ихроҷи онҳо ба Душанберо биёмӯзанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам тасдиқ кард, ки Душанбе барои истирдоди ин ду нафар бо мақомоти Туркия вориди гуфтугӯ шудаанд.
Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия гуфтааст: «Мо намефаҳмем, ба мақомоти Туркия боз чӣ далеле ҷузъ ин ки Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шариповро дар Тоҷикистон хатари ҷиддии шиканҷа интизор аст, лозим аст? Бояд тасмими дуруст дар асоси қонун бигиранд ва онҳоро озод ва ҳимоят кунанд, на ин ки ба Тоҷикистон истирдод кунанд.”
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳамчунин гуфтаанд, ҳукумати Тоҷикистон тайи се соли охир саркӯби дигарандешонро роҳандозӣ кардааст, ки дар натиҷа садҳо тан аз фаъолони сиёсӣ, бо шумули вакилони дифоъ равонаи зиндон шуда, ҳизбҳои мухолиф баста шуданд. Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия мегӯянд, далелҳои муътамаде дар даст доранд, ки маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла намояндагони ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит ва Раҳматулло Раҷаб дар зиндони Тоҷикистон мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.
Дар изҳороти ин ду созмон гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон барои ба ватан овардани фаъолони мухолифин дар Русия, Туркия, Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва кишварҳои дигар маъракаи густардаи таъқибу боздоштро роҳандозӣ кардаанд.
Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия қатли Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар Истамбул, дар Санкт-Петербург ғайб задани Эҳсон Одинаев, аз Русия рабуда ба Тоҷикистон овардани Мақсуд Иброҳимов ва ҳукми 17 соли зиндони ӯ, истирдоди Абдураҳим Восиев аз русия ба Тоҷикистон ва ба 23 сол маҳкум шудани ӯро ёдовар шуда, гуфтаанд, ки дар сурати ихроҷашон аз Туркия ба Тоҷикистон ба Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов ҳамин сарнавишт таҳдид мекунад.