Мишел Бачелет: Ҳамчуноне, ки аз дастовардҳо ифтихор мекунем, маломатҳо аз нотавонӣ ва ноуҳдабароиро низ тавони қабул ва эътироф бояд дошта бошем.
***
Дар замоне, ки муҳҳабат ба вазифа ва мақому мансаб дӯстдоронашро водор мекунад, бо эҷоди тамоми чораҳо, то савор шуданашон ба “аспи чубин” аз курсии мулоими мансаб поинтар нафароянд, инсонҳое ҳам ёфт мешаванд, ки мақому мансабро танҳо василаи хидматгузорӣ ба мардум ва касби номи нек истифода мебаранд.
Дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук наворе нашр шудааст, ки худоҳофизии пуршукӯҳу бо шаҳомати шаҳрвандони ҷумҳурии Чили бо Мишел Бачелет, президенти ин кишварро баъди ба итмом расидани муҳлати хидматаш дар ин вазифа намоиш медиҳад.
Мишел Бачелет, давоми дар вазифаи президенти ҷумҳурии Чили буданаш, сатҳи иқтисодиёти кишварашро боло бурда, барои тамоми шаҳрвандони қобили меҳнат ҷои кор эҷод кардааст. Замони роҳбарияташ фасоду коррупсияро решакан карда, соҳаи тандурустӣ ва маорифро бо ворид намудани навгониҳо, ба талаботи асри муосир ҷавобгӯ кардааст.
Бачелет, бо вуҷуди он, ки ду маротиба бо фосила, президенти Чили интихоб шудааст, баъди ба итмом расидани мӯҳлати президентияш ягон маротиба кӯшиши дар ин вазифа монданро накардааст.
Ӯ аввалин маротиба, 11 марти соли 2006 президенти ҷумҳурии Чили интихоб мешавад. Дар ин вазифа то 11 марти соли 2010 ҳамчун роҳбари сиёсии ин кишвар фаъолият мекунад. Дигарбора, 11 марти соли 2014 дар даври дуюми интихоботи президентӣ пирӯз мегардад ва дубора президенти ҷумҳурии Чили барои чаҳор соли дигар интихоб мешавад. Ниҳоят 11 марти соли 2018 бо ба итмом расидани мӯҳлати президентияш аз вазифа канор меравад.
Коршиносон дастовардҳои ҷумҳурии Чилиро дар замони роҳбарии Мишел Бачелет ниҳоят назаррас арзёбӣ кардаанд. Мардуми Чили, ки ҳамагӣ то 15 соли пеш дар бораи набудани ҷои кор шикоят доштанд ва аз дар тору пуди ҳукумат реша давонидани фасод ранҷ мебурданд, дар як муддати кӯтоҳ қомати худро бо роҳбарии ин зани кордон рост карданд.
Худи Мишел зимни як вохӯрии мустақимаш бо мардум гуфта буд, ки барои бунёдкориву созандагӣ ва тараққиёт танҳо иродаи устувор лозим аст.
“Агар мо барои пешравии худ камари ҳиммат бубандем, ҳатман пеш хоҳем рафт. Вагарна, масъулияти тамоми ақибмондагиҳо ва адами тараққиёт ба души роҳбарияти кишвар аст. Ҳамчуноне, ки аз дастовардҳо ифтихор мекунем, маломатҳо аз нотавонӣ ва ноуҳдабароиро низ тавони қабул ва эътироф бояд дошта бошем. Ин ҳолат моро водор мекунад, ки камбудиҳои худро дида тавонем ва аз паи ислоҳаш шавем ”. — таъкид намуда буд Мишел Бачелет.
Граждане Чили прощаются со своим президентом после истечения срока пребывания на посту главы государства (март, 2018). Мишель Бачелет подняла экономику страны, ликвидировала безработицу и создала современную систему здравоохранения и образования, предварительно уничтожив коррупцию.
Posted by on Friday, April 13, 2018
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

