Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТарҳи Русия барои маҳкумияти Амрико дар Шӯрои амният тасвиб нашуд

Тарҳи Русия барои маҳкумияти Амрико дар Шӯрои амният тасвиб нашуд

Пешнависи тарҳи Русия барои маҳкумияти Амрико, Англия ва Фаронса дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид раъй наовард.

Пешнависи тарҳи Русия барои маҳкумияти се кишвари узви НАТО ба далели ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи режими Сурия дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ба далели нагирифтани 9 раъйи лозим ба тасвиб нарасид.

Дар раъйгирӣ барои ин пешнавис, Русия, Чин ва Боливия раъйи мусбат ва Амрико, Англия, Фаронса, Суид (Шветсия), Лаҳистон, Соҳили Оҷ, Кувайт ва Нидерланд раъй манфӣ доданд.

Қазоқистон, Перу, Эфиопия ва Гвинея бетарафиро интихоб карданд.

Русия дар пешнависи худ ҳамчунин хоҳони таваққуфи рӯйкарди таҳоҷумӣ алайҳи режими Сурия шуда буд.

Тасвиби пешнависҳо дар Шӯрои амният ниёз ба раъйи мувофиқи 9 узв аз 15 узви Шӯро дорад. Ҳеҷ кадом аз панҷ узви доимии Шӯрои амният низ набояд аз ҳаққи вето истифода кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular