Раисчумхури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷалби омӯзгорону табибонро ба корҳои хоҷагии манзилии умумй, шанбегиҳо ва ободонии маҳалли зист манъ кард. Ӯ раисони навоҳӣ, маҳалла ва хоҷагиҳоро огоҳ кард, ки дар ҳоли такрор шудани ин кор ҷазо дода мешаванд.
Ба ин нукта Шавкат Мирзиёев дар маҷлиси фаъолони мавзеъи Сайҳунободи вилояти Сирдарё таъкид кард.
Моҳе қабл дар вилояти Самарқанд ҳангоми иҷрои корҳои тозагй ҷавонзани 23 сола Диана Иникееваро мошини боркаш пахш карда буд. Мирзиёев гуфт, аз замоне, ки аз ин ҳодиса бохабар шудааст, худро гунаҳкор медонад.
“Ман аз фавти муаллимаи самарқандй хабардор шудам. Кадом як роҳбар ба хотири омадани раисҷумҳур муаллимонро барои тозакунии кӯчаҳо баровардааст. Аммо дар дилам эҳсосест, ки бинобар тайёрӣ ба пешвози ман садама рух додааст, андӯҳи он ҳанӯз бокй мондааст. Бори дигар ва бори охир кулли роҳбаронро огоҳ менамоям, ки минбаъд барои ободонй, тозакунй ва дигар корҳои хоҷагии ягон мавзеъ, ягон нафар кормандони соҳаи тиб ва маориф, инчунин толибилмони мактаб ҷалб карда шаванд, саркоронро ҷазои махсуси маъмурӣ интизор аст. Ба ман фарқе надорад, агар ҳокими хизмати намунавӣ нишондода бошад ҳам, аз вазифа сабукдӯш мегардад”- гуфт ӯ.
Мирзиёев гуфт “ман аз осмон фаромада намеоям, рӯзе қабл аз рафтанам ба ҳар вилоят хабар дода мешавад. Аммо дар бисёр ҷойҳо маҷбуран омӯзгоронро кор фармуда, ба пешвози обрӯталабонаашон норозигии мардумро нисбати роҳбари давлат бедор мекунанд, ки ин хиёнат ба сиёсат аст”.
Роҳбари давлат аз ҳокимони маҳаллӣ талаб кард, пеш аз ҳама ризояти мардумро дар назар гиранд.
“Ман хуб медонам, ки пушти девори оростаи муваққатӣ чй ҳолатест ва дар Ӯзбекистон кадом кӯча дар ҳақиқат тозаву обод аст. Як нуктаро бояд гуфта гузарам, ки бо боре рӯфтани кӯча чизе тағйиир намеёбад, мардум раҳмат намегӯянд, балки аз худнамоишдиҳии роҳбарон нафрат бедор мешавад. Мо дӯст ҳам, душман ҳам дорем. Бо амалҳои сохтаи худ ба осиёби душман об нагузоред” — таъкид кард Мирзиёев.
Ӯ гуфт “ҳамин худнамоишдиҳиҳо буд, ки мо 20 сол қафо мондем. Ман медонам, ки 100 метр дарунтар аз мавзеъе, ки барои омадани раисҷумҳур обод кардаанд, чӣ қадар вайронӣ вуҷуд дорад. Вале инро ҳам медонам, ки дар якуним сол намешавад вайронии 20 соларо обод кард”.