Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоТоҷик Эйр чун манбаъи даромади Таҳмина Раҳмон

Тоҷик Эйр чун манбаъи даромади Таҳмина Раҳмон

Дар мақолаи қаблӣ мо дар бораи ғорат шудани ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон “Тоҷик Эйр” аз тарафи як гурӯҳи муташаккил навишта будем.

Ин гурӯҳ на танҳо “Тоҷик Эйр”, балки тамоми соҳаи ҳавопаймоии кишварро зери контрол гирифтааст ва ғорат мекнуад. Пеш аз муаррифии аъзои он ва зикри ҷиноятҳои дигарашон, тасмим гирифтем баҳси “Тоҷик Эйр”-ро тамом кунем. Бинобар ин имрӯз дар бораи фурӯши билетҳои “Тоҷик Эйр” ва ба кисаи кӣ рафтани фоида аз фурӯши ин билетҳо ҳарф мезанем.

Ягона агенти мустақими “Тоҷик Эйр” дар фурӯши билетҳо “Агентии алоқаи ҳавоӣ” (ААҲ) аст, ки ҳақи фурӯши билетҳои ширкати миллиро монополӣ кардааст. Тамоми агентиҳои дигаре, ки билетҳои “Тоҷик Эйр”-ро мефурӯшанд, субагент ҳастанд, ки билетро аз ААҲ мегиранд.

“Агентии алоқаи ҳавоӣ” ҳамон Агентство воздушных сообщений аст, ки аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст. Ин ширкат аввал ҷузъи “Тоҷик Эйр” буд, вале соли 2009 дар натиҷаи бозсозии ширкати миллии ҳавопаймоӣ, мустақил шуд ва бо тамоми амволу биноҳояш дар ихтиёри духтари раисҷумҳур Таҳмина Раҳмон қарор гирифт.

ААҲ танҳо дар Душанбе ва марокизи вилоятҳову баъзе аз ноҳияҳои бузург нуқтаи фурӯши билет дорад ва аз ҷиҳати шумори нуқтаҳои фурӯш ва ҳам гардиши пул як агентии миёна ва ҳатто хурд аст. Вале аз ҷиҳати даромади соф бузургтарин агентиҳои Тоҷикистон наметавонанд ҳатто орзуи чунин даромадро кунанд. .  

Тибқи шартномаи фурӯши билетҳо, ки байни “Агентии алоқаи ҳавоӣ” ва Тоҷик Эйр баста шудааст, ширкати ҳавопаймоӣ барои ҳар билети фурӯхташуда ба Таҳмина 12%-и онро чун комиссия пардохт мекунад. Яъне як билет агар 2000 сомон нарх дорад, 240 сомони он ҳақи Таҳмина аст.

Ин дар ҳолест, ки комиссияи маъмулии ширкатҳои ҳавопаймоӣ 5% ва бештарини он 7% мебошад. ААҲ худаш нисбати агентиҳои дигар камтар билет мефурӯшад. Билетҳо асосан тавассути ширкатҳои дигари билетфурӯшӣ — субагентҳо, ки 5% комиссия аз ААҲ мегиранд фурӯхта мешавад.

7% аз ҳар билети фурӯхташуда бидуни ҳеҷ қайду шарте ба кисаи духтари раисҷумҳур меравад. Яъне аз 240 сӯм аз билети 2000 сомонигӣ, ки ААҲ чун ҳақ барои фурӯши билет ба даст меорад, ҳамагӣ 100 сомониаш ба субагент пардохт мешавад. Аз ин маблағ субагент бояд андоз супорад (20% ААИ, яъне 20 сомон), ҳақи кассирро пардохт кунад (2,5-3% ё 50-60 сомон) ва хароҷоти идориашро пӯшонад. Дар натиҷа ҳамагӣ 10 сомон фоида мегирад.

Вале ААҲ ҷуз андоз (агар ҳамонро ҳам супорад) ҳеҷ масрафи дигаре надорад ва фоидаи софаш аз ҳар билете, ки дигарон мефурӯшанд, 5,5 дарсад аст. Яъне 110 сомонӣ аз ҳар билети фурӯхташудае, ки 2000 нарх дорад. Дар умум, ба ҳисоби миёна (чун нархи миёнаи билет яксон нест) фоидаи софи ААҲ аз ҳар билете, ки дигарон мефурӯшанд 12-13 долларро ташкил медиҳад. Аз билете, ки худаш мефурӯшад ҳудуди 15 доллар.

Соли 2013 Таҳмина Раҳмон фурӯши билетҳои “Тоҷик Эйр” аз хориҷи кишварро ҳам монополия кард. Аз он баъд ҳар агентии хориҷӣ, ки мехоҳад билети “Тоҷик Эйр”-ро фурӯшад, бояд онро на аз худи ширкати ҳавопаймоӣ, балки аз ААҲ гирад.  

Агар даромади он гурӯҳи муташаккил, ки зикрашон дар мақолаи гузашта рафт аз ғорати ширкати миллии ҳавопаймоии кишвар мавсимӣ ва ғайриқонунӣ аст, даромади духтари раисҷумҳур ба фарқ аз он гурӯҳ қонунӣ ва пойдор аст.

“Тоҷик Эйр” моҳона вобаста аз мавсим ба хориҷ 20-25 ҳазор мусофир бурда меорад. Фоидаи софе, ки Таҳмина Раҳмон аз ин мусофирон мегирад моҳона 250-300 ҳазор доллар ва солона 3-3,5 миллион доллар аст.

Ин қадар фоидаи солонаро худи “Тоҷик эйр” давоми 27 соли истиқлолияташ аз Аэрофлоти Шӯравӣ дар хобаш ҳам надидаст.  Балки қарзи ширкати миллии ҳавопаймоӣ ҳар сол ба ҳамин миқдор ё бештар аз он меафзояд. 

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?