Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИмоми масҷид: Гӯшти харро ҳатто ба саг додан манъ аст

Имоми масҷид: Гӯшти харро ҳатто ба саг додан манъ аст

Гӯшти худмурдаи харро ҳатто ба саг додан манъ аст ва дар ҳол ҷасади харро бояд ба замин гур кардан лозим аст.

Дар ин бора, Рахматулло Сайфуддинов, имомхатиби масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи Юнусободи шаҳри Тошканд  таъкид кардааст.

Сайфутддинов гуфтааст, ки сахт дар хайрат ва таассуф ҳам ҳаст, ки иддае бо роҳи фиреб гӯшти харро бо гушти гов омехта, ба фурӯш баровардаанд.
“Вақто хар мемирад, ҳатто гушташро ба сагон додан манъ аст. Бояд фавран ба замин дафн карда шавад. Аммо ба хотири маблағ, гӯште, ки дар шариати ислом ҳаром мебошад, бо  роҳи фиреб ба истеъмолкунандагон фурӯхтаанд”. – гуфтааст Сайфуддинов.
Ёдовар мешавем, борҳост, боздошти шахсоне, ки бо фурӯши гӯшти хар даромад ба даст меовардаанд, дар кишвари Ӯзбекистон расонаӣ мешавад. Моҳе қабл аз вилояти Фарғонаи  Ӯзбекистон гурӯҳее аз машғулони ин амали зишт боздошт шуданд. Маълум шуд, ки харҳои парваришшуда дар хонаи шахсии сокини ноҳияи Қуштеппа забҳ мешудаанд ва ба ошхонаҳои самбӯса ва лағмонпазии шаҳри Фарғона ва ноҳияи Ташлак тақсим ва мавриди истифода қарор мегирифтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular