Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Русия ҳукми  манъи дастрасӣ ба паёмрасони  Telegram содир шуд

Дар Русия ҳукми  манъи дастрасӣ ба паёмрасони  Telegram содир шуд

Аз ҷониби  додгоҳи Таганскии Маскав ҳукми  манъи дастрасӣ ба паёмрасони  Telegram содир шуд.

Дар ин бора дафтари матбуотии Роскомнадзор  хабар додааст.

Тавре хабаргузории Интерфакс хабар додааст, Александр Жаров, роҳбари кулли Росскомнадзор гуфтааст, ки худи ҳамин рӯз аз соҳибони фурӯшгоҳҳои барномаҳои интернетии  App Store ва Google Play дархост мекунад, ки замимаи Telegram-ро лағв кунанд.

Ҳукми манъи дастрасӣ ба паёмрасони Telegram  замоне содир шуд, ки роҳбарияти он бо такя ба талаботи Қонститутсияи ФР дар бораи мукотибаи маҳрамона, аз додани калиди паёмҳои корбарон ба Хадамоти амнияти Русия сарпечӣ кард. Аз ин лиҳоз Роскомнадзор Telegram-ро ба феҳрасти замимаҳои мамнӯъ дар Русия ворид кард.

Муассиси паёмрасони Telegram Александр Дуров гуфт, ки паёмрасон фаъолияташро бо истифода аз қуфлшиканҳо ва VPN идома медиҳад.

Аммо коршиносон гуфтаанд, ки айни замон манъ кардани дастрасӣ ба шабакаҳои интернетӣ ва паёмрасонҳо як кӯшиши беҳуда мебошад.  Ингуна амалҳо як намуди назарфиребӣ буда, бо ин роҳ мехоҳанд боварии мардум ба  паёмрасонҳои худӣ нисбат ба паёмрасонҳои хориҷӣ бештар шавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular