Sunday, June 15, 2025
ads
HomeХабарҳоБоздошти гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар Бадахшон (Навор)

Боздошти гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар Бадахшон (Навор)

Зимни гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ дар ҳудуди деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнони ВМКБ, 13-уми апрели соли 2018,  қочоқи маводи мухаддир аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор ва пешгирӣ карда шудааст.

Дар ин бора АМИТ Ховар хабар додааст.

“Дар натиҷаи амалиёт 3 нафар аъзоёни фаъоли гурўҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон —  Меҳтарбодов Фотеҳ Фарухшоевич, соли таваллудаш 1981, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон, Боймамад Алибахш, соли таваллудаш 1990, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ ва Гулобов Аслан Давлатмамадович, соли таваллудаш 1990, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, боздошт гардиданд”.- омадааст дар хабар.

Бино ба манбаъ дар рафти гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ аз дохили ду автомашинаи сабукрави шахсони дастгиршуда, дар ҳаҷми махсусан калон, яъне ба миқдори 10 кг «героин» ва 60 кг «ҳашиш», дар маҷмуъ 70 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шудааст.    

Дар рафти чорабиниҳои таҳқиқотӣ муайян карда шуд, ки аъзои боздоштшудаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ маводи мухадирро бар ивази 5800 дона ҳабҳои экстазӣ аз ҳамотоёни қочоқчии худ аз Афғонистон дастрас намуда, мақсад доштанд, ки як қисматашро ба гирифторони дарди нашъамандӣ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ фурӯшанд ва қисмати дигарашро ба қаламрави кишварҳои дигар интиқол диҳанд.

Бояд зикр кард, ки дастаи мазкур бо гурӯҳҳои нашъаҷалоби трансимиллӣ иртибот дошта, маводи сахттаъсири «экстазӣ»-ро аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид намудаанд.

Нисбат ба аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ  Меҳтарбодов Фотеҳ Фарухшоевич, Боймамад Алибахш ва Гулобов Аслан Давлатмамадович бо дастрасии моддаҳои 289 қисми 3 ва 200 қисми 4-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?