Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоТеъдоди «олимони асардузд»-и тоҷик ба 20 нафар расид

Теъдоди «олимони асардузд»-и тоҷик ба 20 нафар расид

Дар идомаи ифшогариҳои марбут ба дуздии илмӣ ин бор номи 8 донишманди дигари тоҷик аз сӯйи пойгоҳи байналмилалии мубориза бо дуздӣ ва тақаллуби осори илмӣ ба номи “Диссернет” мунташир шуд.

Пойгоҳи  ба интишори исмҳои 8 донишманди дигар аз Тоҷикистон иқдом кардааст, ки ба дуздии матолиби дигарон барои навиштани рисолаи номзадии худ муттаҳам шудаанд.

Дар миёни ин афрод номи Аслиддин Назарзода, раиси ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” дар солҳои 2012 то 2013 ва 7 нафар аз устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки ҳангоми навиштани рисолаи номзадии худ аз осори донишмандони рус ва тоҷик бидуни истинод ба китобҳои онон истифода кардаанд.

Ба унвони мисол, дар ин замина ба рисолаи номзадии Парвизҷон Орзуев, устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ишора шудааст, ки аз китоби ду донишманд аз ҷумҳуриҳои Доғистон ва Кабардино-Болкарияи Русия истифода карда ва танҳо номи “корхонаи консерви шаҳри Налчик”-ро ба “корхонаи шири шаҳри Душанбе” тағйир додааст.

Пеш аз ин Назруллоҳ Амиров, Зафар Тайфуров, ду донишманди тоҷик, Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, раиси вилояти Хатлон ва Шоҳин Саидов, писари вазири маорифи Тоҷикистон низ аз сӯйи пойгоҳи байналмилалии мубориза бо дуздӣ ва тақаллуби осори илмии мавсум ба “Диссернет” ба тақаллуб дар навиштани рисолаи номзадии худ муттаҳам шуда буданд, ки бархе аз онон аз ин унвон маҳрум шудаанд.

То ба имрӯз, теъдоди олимони тоҷике, ки аз ҷониби пойгоҳи «Диссернет” ба асардуздӣ айбдор мешаванд, ба 20  нафар расид. «Диссернет” қаблан дар бораи асардуздии 12 олим аз Тоҷикистон хабар дода буд. 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?