Sunday, June 15, 2025
ads
HomeХабарҳоҲукумати Тоҷикистон ба муҳоҷирони кории тоҷик дар АМА кор меҷӯяд

Ҳукумати Тоҷикистон ба муҳоҷирони кории тоҷик дар АМА кор меҷӯяд

Ба гузориши сомонаи Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон, тайи се моҳи нахусти имсол 109 ҳазору 53 нафар аз шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ барои кор ба Русия ва Қазоқистон рафтаанд, ки се дарсад камтар аз ҳамин давраи соли гузашта аст.

Аз ин теъдод 94 ҳазору 366 нафар мард ва 14 ҳазору 687 нафар низ зан ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки дар се моҳи нахусти соли гузашта, беш аз 112 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ҷӯёи кори Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистон рафта буданд.

Ҳамчунин беш аз 107 ҳазор нафар аз ин муҳоҷирон Русияро барои кор интихоб кардаанд, ки нишон медиҳад, тоҷикистониҳои ҷӯёи кор ҳамчунон Русияро аслитарин мақсади худ медонанд.

Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин муддат ба Қазоқистон барои кор рафтаанд, беш аз ду ҳазор нафар унвон мешавад.

Аз сӯйи дигар, Хадамоти муҳоҷирати вобаста ба Вазорати умури дохилаи Русия аз нақзи қонунҳои муҳоҷиратии Русия аз сӯйи 185 ҳазору 200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон хабар додааст.

Сумангул Тағойзода

Дар ҳамин ҳол санаи 16 апрели соли 2018 Сумангул Тағойзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси даъвати Носир бин Сонӣ ал Ҳамелӣ, Вазири захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии Амороти Муттаҳидаи Араб,  ба Аморати Муттаҳидаи Араб сафар намуд.

Тавре имрӯз дафтари матбуотии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон хабар додааст, зимни вохӯрӣ бо Вазири захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии Амороти Муттаҳидаи Араб ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти қувваи кориро ба имзо расониданд.

Инчунин, зимни сафар коршиносони соҳа бо намояндагони ширкатҳои бо кор таъминкунии Амороти Муттаҳидаи Араб вохӯрӣ доир карда, оид ба имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон  дар самти таъмин бо қувваи корӣ баромад намуданд.

Амороти Муттаҳидаи Араб

Вазорати меҳнат эълом намудааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар асоси шартномаи меҳнатии инфиродӣ байни коргар ва корфармо, ки тибқи қонуни Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба меҳнат, ки аз ҷониби Вазорати захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии Амороти Муттаҳидаи Араб тасдиқ гардидааст, кору фаъолият намоянд.

Тибқи манбаъ ёддошти тафоҳум баъд аз гузаронидани расмиёти дохили давлатии Тарафҳо эътибор пайдо намуда,  ҷалби коргарон тавассути Муассисаи давлатии «Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ихтисосҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони аморотӣ  ба роҳ монда мешавад.

Аммо дар ин бора коршиносон мегӯянд, муҳоҷирон аз сабаби гарон шудани нархи патент ва муҷаввизи корӣ, мушкил шудани шароити буду бош дар Русия аз баҳри сафар баромада, ба қути лоямут қаноат намудан дар кишварро ихтиёр кардаанд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик то ба ҳадде ба шароити зисти кишвари Русия шинос ҳастанд ва забони давлатии ин кишварро аксарияти тоҷикон медонанд.

Дар Аморати муттаҳидаи Араб бошад, пеш  аз ҳама нархи иҷораи хона нисбат ба Русия ба маротиб қиммат аст ва ҳамчунин муҷаввизи иқома низ чанд баробари Русия нархи гарон дорад. Бар замми ин яке аз мушкилиҳои асосӣ ин аст, ки аксари мардуми Тоҷикистон забони арабиро намедонанд ва ҳатто аксарият ба ҳуруфоти арабӣ шинос нестанд. Бино ба маълумотҳои дақиқ нархи кор дар Аморати араб якчанд баробар нисбат ба Русия арзон буда, муносибати корфармоён бо коргарон дар АМА низ манфӣ арзёбӣ шудааст. Дар ин ҳол, ингуна ҷои корёбии Вазорати меҳнат хидмати хирсона мебошад. Ин амал мардумро аз борон халос намуда, ба барфу ҷола гирифтор карданро мемонад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?