Амонатгузорони бонкҳои муфлисшуда бинобар баргардонида натавонистани амонатҳояшон дар бонкҳо худкушӣ мекунанд ё бо 4-5 фарзанд дар кӯча мемонанд. Дар ҳамин ҳол, ҷинояткорони асосие, ки пулҳои онҳоро азхуд кардаанд дар озодӣ қарор доранд ва ба тиҷораташон идома медиҳанд.
Тибқи ҳуҷҷатҳое, ки пойгоҳи Eurasianet.org дастрас кардааст, дебиторҳои асосии Тоҷпромбонк танҳо 12 ширкат ҳастанд. Маблағи умумии қарзи онҳо аз бонк 219 миллион сомонӣ ё 25 миллион доллар мебошад.
Қарз аз дасти чап ба дасти рост
Ҷустуҷӯ дар манбаъҳои дастрас нишон доданд, ки бештари пулҳоро Тоҷпромбонк ба пружаҳои худаш ҷудо кардааст.
Масалан санадҳо нишон медиҳанд, ки аз номи Тоҷпромбонк ду ширкат, ки ба хизматрасонӣ машғуланд ба қайд гирифта шудаанд — Даҳбед Д и Даҳбед М. Ин ду ширкат аз бонк ба маблағи 20,7 миллион сомонӣ ($2,3 млн) қарз гирифтаанд. То имрӯз он қарзҳо баргардонида нашудаанд.
ЧДММ “ТПТ-ПЭТ”, ки моликаш худи Тоҷпромбонк аст, ба бонк 27 миллион сомонӣ ($3 млн) қарздор аст. Аз ин бонк ҳамчунин “ТПТ авто”, ки ба ҳамул нақли мошинҳо машғул аст, 6 миллион сомонӣ ($681 ҳазор) қарз гирифтаву барнагардонидааст.
Ширкати “Промстрой”, ки ба Тоҷпромбонк 3,4 миллион сомонӣ ($386 ҳазор) қарздор аст, ба “Тропикан инвест” таъаллуқ дорад, ки ба сохтмон машғул аст. Дар навбати худ “Тропикан инвест” ба Тоҷпромбонк таъаллуқ дорад.
Бузургтарин қарзро назди Тоҷпромбонк “ТПБ-АКВА”, дорад ки ба 60,7 миллион сомонӣ ($6,8 млн) баробар аст. “ТПБ-АКВА” мутаъаллиқ ба писари роҳбари бонк Ҷамшед Зиёев — Зиёев Азиз Ҷамшедович мебошад. Ба номи Азиз Ҷамшедович ҳади ақал се ширкати дигар ба қайд гирифта шудааст: “ТПБ-Ангишт”, ки ба коркарди ангишт машғул аст, ширкати тиҷории “ТПБ-Капитал” ва ширкати авиатсионии лизингии “АДМ-Эйр”.
Ба кадом як ширкати ҳавопаймоии воқеъ дар Ҳамбурги Олмон, Тоҷпромбонк 15 миллион сомонӣ ($1,7 млн) додааст.
Ҷамшед Абдулов
Дебиторҳои бузурги дигари бонк ширкатҳои “Олим Текстайл” ва “Коттон Текстайл” ҳастанд, ки ба Ҷамшед Абдулов Абдулов таъаллуқ доранд. Ин соҳибкор асосан ба тиҷорати пахта дар Тоҷикистон машғул аст. Амалан тиҷорати пахтаи Тоҷикистон ба додарарӯси раисҷумҳур Ҳасан Асадуллозода таъаллуқ дорад. Абдулов аз Тоҷпромбонк 39 миллион сомонӣ ($4,4 млн) қарздор аст.
Ширкати “Ҷаҳон Сайр”, ки ба хизматрасонии авиатсионӣ машғул асту ба Беҳрӯз Ҳасан таъаллуқ дорад аз Тоҷпромбонк 21 миллион сомонӣ ($2,3 млн) қарз гирифтааст. Беҳрӯз Ҳасан писари як корманди баландпояи Додситонии кулл аст.
Суоли матраҳ ин аст, ки ин пулҳо барои рушди бизнес ҷудо шуда буданд, ё танҳо як равиши пулшӯӣ буданд, ки пули ҳазорҳо нафарро дуздиданд?
Дороиҳои Зиёев дар озодӣ, аз дебиторҳо мусодира
Ба Паём муяссар шуд маълум кунад, ки Ҷамшед Зиёев ҳади ақал як дачаро бо масоҳати 10 гектар дар рӯбарӯи Кохи Малика соҳиб аст, ки чун санатория истифода мешавад. Ин як санаторияи дорои рифоҳи зиёд ва ҳавзҳои зимистонаву баҳорона аст.
Ба Азиз Зиёев ҳади ақал як хонаи 4-ҳуҷрагӣ дар маркази Маскав — ҳамагӣ 2 километр дуртар аз Кремл, бо қимати 700 ҳазор доллар таъаллуқ дорад. Худи Ҷамшед Зиёев ва ду писараш — Азиз ва Парвиз соҳиби шаҳрвандии Русия ҳастанд.
Биное, ки Азиз Зиёев дар он хона дорад
Ҷамшед Абдулов ва чанд дебитори дигари Тоҷпромбонк боздошт ва баъди пардохти қарз ё мусодираи амволашон озод гардиданд.
Абдулов ба ивази озодӣ ва 4,4 миллион аз “Текстайлз”-ҳояш маҳрум шуд. Ҳамин тақдир насиби Илҳом Шарбатов бо лақаби Илҳом командир ва Қаноатов Тӯрабек Ҷурабекович шуд. Онҳо мутаносибан 13,9 миллион сомонӣ ($1,5 млн) ва 7,2 миллион сомонӣ ($826 ҳазор) аз Тоҷпромбонк қарздор буданд.
Вале он пулҳо ва амвол ба ихтиёри кӣ гузаштанд, маълум нест — амонатгузорони бонк то ҳанӯз пулҳои худро барнагардонидаанд.
Зиндагии талхи амонатгузорон
Дар ҳоле, ки амволи мусодирашудаи дибеторҳо дар дасти нафарони саввум қарор мегирад, амонатгузорони бонк ба фоҷеъаҳои бузурге мубтало гардидаанд. Ҳар нафари онҳо қиссаи талхи худро дорад. Хайриддин Қодиров, сокини кӯчаи Гулафшони маҳаллаи Меҳробод (собиқ Калинин)-и шаҳри Душанбе дар ҳоле , ки аз «Тоҷпромбонк» 100 ҳазор доллар амонати гузоштаашро гирифта натавонист.
Сокини дигари Душанбе, маъюб аз кӯдакӣ Мирзохӯҷа Самадов пулҳои худро ба «Тоҷпромбонк» бовар карда, бо 4 кӯдаки ноболиғи худ сарсону саргардон монд. Баъди аз ҷониби «Тоҷпромбонк» рад шудани баргардонидани маблағ, ҷабрдида маҷбур шуд, ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намояд. Аммо боз ҳам натиҷае надид
Худи Зиёев бидуни ҳеҷ мушкиле дар озодӣ қарор дорад. Суоли дигар ин аст, ки кай ӯ барои ғорати пулҳои мардум ҷазо мегирад ва кай амонатҳои мардум баргардонида мешавад?
Дар ҳамин ҳол Тоҷпромбонк назди Вазорати молия ба маблағи 117 миллион сомонӣ ($13 млн) ва назди Бонки Миллӣ 132 миллион сомонӣ ($15 млн) ӯҳдадории қарзӣ дорад.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон бонк аввал бояд қарзҳояш назди сохторҳои давлатиро пардохт кунад, сипас амонатгузоронро…
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

