Таҳти роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин ҳайате барои машваратҳои сиёсӣ миёни ду кишвар ба Тоҷикистон меояд.
Дар ин бора, дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон додааст.
Тибқи манбаъ, ҳайатро Мазен Шамия, муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин раҳбарӣ мекунад ва ин сафар санаҳои 22-26 апрели соли 2018 суръат мегирад.
Аз рӯи дар сомонаи ВКХ Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин аз 6 марти соли 1992 оғоз шудааст. Аммо то ба ҳол ягон маротиба роҳбарияти Фаластин ба Тоҷикистон сафар накардааст. Ҳамчунин боре ҳам сафари президенти Тоҷикистон ба Фаластин дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон суръат нагирифтааст. Мубодилаи сафарҳо танҳо дар доираи масъулон ва намояндагони вазорату ҳукуматҳо маҳдуд шудааст.
3 октябри соли 1995 аввалин Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Набил ал-Лаҳҳом (қароргоҳ дар Тошканд) Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супурд. Ҳоло Сафири ғайримуқими Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳонӣ мебошад.
Ҳанӯз дар даврони шӯравӣ байни Тоҷикистон ва Фаластин робитаҳо барқарор гардида буданд. Охирҳои солҳои 80-ум ҳайати Фаластин бо роҳбарии узви Комитети Иҷроияи Созмони Озодибахши Фаластин профессор Набил Амр аз Тоҷикистон боздид ба амал овардааст. Ҷавобан ҳайати ҳамдилии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири онвақтаи маориф Исмоил Давлатов ба Фаластин сафар кард.
20-21 августи соли 2013 дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ҳайати Давлати Фаластин бо роҳбарии Вазири захираҳои об доктор Шаддод ал-Атилӣ ширкат кард.
18-22 майи соли 2013 ҳайъати Давлати Давлати Фаластин дар нишасти 38-уми Шӯрои мудирони бонки Исломии Рушд дар Душанбе зери роҳбарии Президенти Шӯрои иқтисодии Фаластин оид ба рушд ва таҷдид Моҳаммед Иброҳим Штайеҳ иштирок намуд.
8-11 июни 2015 ҳайати Давлати Фаластин зери роҳбарии Вазири захираҳои оби он кишвар Мазин М. Р. Гнаим барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005–2015 ва талошҳои минбаъда ҷиҳати ноил гардидан ба рушди устувори захираҳои об ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуд.
Дар ҳошияи сафари мазкур вохӯрии Вазири захираҳои оби Давлати Фаластин бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода баргузор гардид.