Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАз паи Задухурди шадид дар сарҳади Тоҷикистон се нафар кушта шуданд

Аз паи Задухурди шадид дар сарҳади Тоҷикистон се нафар кушта шуданд

Дар минтақаи назоратии дидбонгоҳи сарҳадии “Сайёд”-и қисми сарҳадии “Ҳамадонӣ”  низомиёни Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон, зимни гузаронидани амалиётимуштарак, убур ва интиқоли қочоқи маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ кардаанд.

Дар ин бора дафтари матбуотии Қушӯнҳсои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дода гуфтааст, дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ қочоқбарони афғон иборат аз 6-7 нафар бо сарҳадбонони тоҷик ва кормандони КДАМ ҶТ рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷаи задухурди мусаллаҳона 1 нафар қочоқчӣ захмдор ва се нафари дигар безарар гардонида шуд.

«Боқимонда қочоқбарони афғон ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ тоб оварда натавониста тариқи қамишзор ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд», — омадааст дар хабар.

Тибқи манбаъ ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 адад яроқи оташфишони АКМС, 10 адад тирдон, 270 дона тири қутраш 7,62 мм, инчунин, маводи нашъадори “афюн” – 3 кг 500 гр,  “ҳашиш” – 32 кг ва “ҳероин” – 10 кг дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular