…қавме бефарҳанг ба хотири манфиатҳои худ “ҳақиқате босубот ва тағйирнаёбанда” бофтаанд ва солҳо боз атрофи он мерақсанд …намоишу ҷашнҳо баргузор ва фитнаву воқеаҳоро истеҳсол мекунанд, ва дар ин росто илм ва донишро дар Тоҷикистон ба ҳошия кӯчонидаанд.Илм дигар нуфуз ва қудрат надорад ….
Вақте илм дар асорати фасод ва ҷаҳл аст худ ба хатари ҷомеа табдил меёбад. Имрӯз хурофот дар он сатҳ аст, ки давлатномардон машруъиятро на аз қонун ва илм, балки аз идеологияи бофта ва аз эшону домуллоҳо ҷустуҷу доранд …
Ҳукумронии ин “ҳақиқати босубот ва тағйирнаёбанда”, худ заминаи ба вуҷуд омадани буҳрони дигар дар фазои академикии ҷомеа ва умуман дар фазои фарҳангии ҷумҳурӣ гаштааст. Ин буҳронест, ки дар уллуми иҷтимоӣ, ба хусус дар антропологияи фарҳанг солҳои 80 — уми асри гузашта бо номи ‘буҳрони фаҳмиш’ ва шинохт машҳур буд.
Асли матлаб ин аст, ки имрӯз он чи мардум ҳақиқат мепиндоранд ба воқеияти онҳо мувофиқ намеояд ва инчунин қобилият ва зарфияти шинохти ин ҳақиқатро он чунон ки ҳаст надоранд. Дар ин ҷомеаи пасо — шӯравии Тоҷик барои мардум — дарки ин дунёи мураккаб, ки низоми нави ҷаҳонӣ дорад шакл мегирад, — шинохти ҳақиқати худӣ ва ҳақиқати дигарон сахт мушкил аст. Барои ин шинохт бозингари асосӣ — давлат бояд воқеан миллӣ мебуд ва кори созандаеро дар ин қарина ташкил мекард, ки мутассифона зарфиятҳои сиёси — маҳалӣ дар Тоҷикистон аз ӯҳдаи ин кор набаромаданд ва намебароянд.
Ин аст, ки дар фазои илмии Тоҷикистон таҳлилу таҳқиқоти воқеии созанда дар бори муҳит, ҷомеа, сиёсат ва давлат дигар вуҷуд надоранд ва мақсад аз олим будан ин танҳо ба гуфти бештари мардуми дар ин соҳа кор кунанда танҳо “зиндагии худро ёфтан” аст. Мақсад бо кадом роҳ ки набошад гирифтани дипломи номзадӣ, докторӣ ва агар сармояи бештар ва дастгирии бештар бошад то ба сатҳи академикӣ расидан аст. Ин рӯйдодест қадим ва ҳанӯз Шамсиддини Табрезӣ дар ин бора гуфта буд,
“Оре ба зоти поки ӯ, ба зоти поки зулҷалол, он қавм низ, дар мадраса ҷиҳати он таҳсил мекунанд: — То фарҳанг бидонем, то фалон мадрасаро бигирем!…то фалон мавзеъро бигирем, ва зуд машҳур шавем!”.
Шояд мухотабони Шамсиддин дар ин роҳ ба қувва ва заковати худ такя мекарданд вале на ин мардум, ки дар ҷомеаи мо имруз илмро ба фасод кашидаанд. Чун нуфузи илм аз нуфузи пул ва нуфузи шахсиятҳо камтар аст роҳ танҳо ҳамин аст. Дигар дар ҷомеаи Тоҷикистон, сиёсати аз давраи рукуди (застой) шӯрави мондаи барои дигарон навиштан ва шахсият сохтан барқарор ва пурқувват гардида аст. Шояд ин корро онгуруҳе аз олимон барои тамаъ аз нав зинда карданд, ки акнун дар авҷу мавҷи худ аст.
Аз саҳифаи фейсбукии Меҳмоншо Шарифов
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

