Ҳамагӣ 13 рӯзи истодагии мардум боис шуд Серж Саргсян, сарвазири тозаинтихоби Арманистон, ки қаблан 10 сол раисҷумҳури ин кишвар буд, истеъфо диҳад.
Инқилоби махмалии арманиҳо нишон дод, ки ҳар гоҳ мардум тағйирот хосту истодагарӣ кард, ҳеҷ худкомае наметавонад сади роҳаш бошад.
Паём ба коршиносон ва мухолифони тоҷик бо ду суол муроҷиъат кард:
- Мо чӣ дарсе аз инқилоби арманиҳо гирифта метавонем?
Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви раёсати Олии ҲНИТ: Дар воқеъ он чӣ мардуми арманӣ иқдом ба он карданд ва бо исрор ба натоиҷи дилхоҳ, он ҳам пешгирӣ аз ҳукми диктатурӣ буд, ноил шуданд, барои тамоми мардуми озодихоҳу сарфароз дарс аст. Мардуми тоҷик дар даҳҳаи навадуми асри гузашта, намунаи олии чунин дарсҳо буданд. Бо камоли таассуф шаъну мақоми устодии мардуми мо бо натиҷагириҳои ҷанги таҳмилӣ ва тарси такрори ҳолатҳои даҳшатбори он, поён зада шуд.
Мардуми арманӣ ба шахси Серж Саргсян, сарвазири кишвари худ адоват ва бадбинӣ надоранд. Ӯ дар ду даврае Президенти Арманистон интихоб шуд, ба халқу кишвари худ хидматҳои фаровоне кард. Мардуми озод ва сарфарози арманӣ бо ин иқдоми худ, нишон доданд, ки дар миёни мардум шахсони лоиқу сазовор барои хидмат ба Ватан ва миллат зиёд аст. Пеши роҳи унвонсозӣ, пешвотарошӣ ва яккатозиро гирифтанд.
Серж Саргсян ҳам иштибоҳи худро, ки бо тавсияи ҳамтоҳои диктотури минтақааш муртакиб шуда буд, дарк кард ва дар изҳороти худ гуфт: «гарчанде роҳҳои дигари ҳалли ин мушкилот вуҷуд дошт, вале истеъфо ва аз мансаб даст кашидан беҳтарини онҳо аст» ва ба истеъфо рафт.
Ин дарси ибратомӯз низ аст барои раҳбароне, ки аз тарафи мардум интихоб шудаанд.
Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари созмони Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ: Миллати арман мисли миллатҳои кишвари соҳили Балтик озодихоҳ ва ҳақталошанд. Ин миллат дар шадидтарин низоми комунистии Шуравӣ тавониста буданд, ки хат ва фарҳанги худро ҳифз кунанд ва ҳатто миллати арман аввалин кишваре буд, ки райъпурсии моҳи марти соли 1991, ки барои бақои Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби вакилони ҳалқи ИҶШС роҳандозӣ шуда буд, рад карда буданд. Инқилоби арманиҳо беҳтарин инқилоби махмалӣ аст, ки як қатра хуни инсон нарехт ва як шохи дарахт низ шикаста нашуд. Агарчи сарвазири собиқ Сержа Саргасяна ҳамчун як диктатори хурд шинохта мешуд ва ӯ кишварро беш аз 10 сол мудирият мекарду боз ҳам барои бақои қудраташ ҳама талошҳоро кард, вале вижагии ӯ аз баъзе роҳбарони худхоҳи кишварҳои муштаркулманофеъ дар он аст, ки озодии миллаташро қимматар аз мансабаш донист ва ҳатто ҳамон ибораи «Никол Пишинян ҳак буд ва ман иштибоҳ кардам»-ро на ҳамаи роҳбарони нокомшуда гуфта метавонад. Танҳо оне ба иштибоҳаш эътироф мекунад, ки Ӯ мард бошад. Баргардем ба саволи Шумо, мо, яъне тоҷикон чӣ дарсе аз ин инқилоб гирифта метавонем? Ин инқилоби арманиҳо бори дигар нишон дод, ки хуҷаини кишвару давлат мардум аст на як нафару як ҳизб. Хоҳиши миллат аз ҳама хоҳишҳо болост, дуввум ин, ки бо рафтани роҳбари кишвар хоҳ бо тариқи интихобот (дар Қирғизистон инро низ дидем) хоҳ бо роҳи инқилоб ҳеҷ газанде ба миллат нахоҳад расид ва ҳеҷ ҷангу хунрезие нахоҳад шуд. Ҳоло дар кишвари мо як андеша маъруф аст, ки гуё инқилоб ҷангу хунрезиро меорад ва ҳамин инқилоби арманиҳо нишон дод, ки ин андеша стереотипе беш нест. Саввум, як дарсе барои ҳукуматдорон, ки ҷузъи миллатанд низ ҳаст, ки эътироф ба иштибоҳҳо ва ба истеъфо рафтан низ мусоидат ба пешравии миллату кишвар аст ва ҳам аз ойини мардист!
Олег Панфилов, рӯзноманигор ва таърихшинос: Инқилоби Арманистонро зиёиёни зиёде дастгирӣ карданд. Гурӯҳи калоне аз онҳо дар тазоҳурот ширкат карда, саҳми худро гузоштанд — гимн навиштанд, сурудҳои зебои инқилобӣ эҷод карданд, тактика фикр карданд. Бисёре аз шахсиятҳои фарҳангӣ ба Саргсян медалу унвонҳояшонро баргардонданд. Фактори дигар ҳам ҳаст — диаспораҳои бузурги хориҷӣ, ки байнашон шахсиятҳои зиёди шинохташуда — олимону шахсиятҳои фарҳангиён вуҷуд доштанд, дар Фаронсаву ИМА ин тазоҳуротро дастгирӣ ва кӯмак карданд.
Абдулло Давлатов, коршинос ва фаъоли сиёсӣ: Шояд тоҷикон ҳамон «тифли тездав» будему «ба рӯ уфтодем аз шитоб»? Манзурам он аст, ки тоҷикон дар миёнаи солҳои ҳаштодум дар баробари миллатҳои ҷумҳуриҳои назди Балтик ва гурҷиҳо ба кандани занҷирҳои Шӯравӣ оғоз карда буданд. Чунин фарзонаҳое доштем ба монанди Тоҳири Абдуҷаббор, Мирбобои Мирраҳим, Отахони Латифӣ, Аслиддини Соҳибназар, Давлати Худоназар, Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва ҳазорҳо ҷавонони бедори фаъол.
Бо ҳамаи ин, воқеъаҳои баъдӣ нишон дод, ки мо ҳамон «тифли тездав» будаем. Яъне:
1. Натавонистем давлате обод кунем, ки арзандаи миллати тамаддунсози тоҷик бошад ва имрӯз аз арманиҳо сабақ гирифтанӣ ҳастем;
2. Соҳиби забони Рӯдакӣ, ибни Сино, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлоно, Хаём, Туғрал, Сайидо, Соиб, Камоли Хуҷандӣ, Носири Хисрав, Бедил, Ҷомӣ ва садҳо бузургони дигар будем, аммо имрӯз аз забони форсии онҳо канора мегирем;
3. Мехостем бо таъриху адабиёту фарҳанги ғании худ оламро тасхир кунем, аммо бо аробакашӣ машҳур шудем;
4. Мехостем Тоҷикистон хонаи ормонии тоҷикони дунё бошад, аммо тоҷикон пушти дари намояндагиҳои Русия ҳамчун талбанда, дасти тамаъ ба сӯи шиносномаи русӣ дароз кардаанд. Худи намояндаҳои ҳукумати феълии Тоҷикистон аз «хурӯҷи мағзҳо» мегӯянд…
Хулоса, ман намедонам тоҷикон аз арманиҳо чи дарсе метавонанд гирифтан, аммо шахсан ман чунон шикаставу рехтаам, ки муҳтоҷи дарси арманӣ нестам…
Алим Шерзамонов, дабири Анҷумани Нерӯҳои озодихоҳи Тоҷикистон: Пайғоми асосии инқилоби арман ба мо ва дигар миллатҳои дучори ҳокимиятҳои худкома он аст, ки ислоҳоти мусолиҳатомез ва бидуни хунрезӣ дар ҷомеъаҳое имконпазир мегардад, ки дар он як миллати воҳиде шакл гирифтаст ва болои ин миллат бо ғаразҳои шахсиву гурӯҳӣ ва бадтараш ғаразҳои давлатҳои бегона касе наметавонад, хостаеро таҳмил кунад. Фақат миллати воҳид метавонад чунин як инқилобе бидуни зӯрӣ ва хунрезиро роҳандозӣ кунад. Барои мардуми мо дарси асосӣ маҳз ҳамин аст, ки мо низ ҳар гӯрӯҳе набошем ва ҳар ақидае надошта бошем, миллатсозӣ бояд авлавияти асосии мо бошад. Албатта, режимҳои худкома дар ҳар давру таърих саъй доштаанд ва хоҳанд дошт, ки ин ваҳдатӣ миллӣ ҳаргиз шакл нагирад то он режимҳо ҳар чӣ тӯлонитар ҳукмрон бошанд.
Шарофиддин Гадоев, ҳамоҳангсози Ҷумбиши ИИТ: Тоҷикистониён аз арманҳо дарс гирифтанашон хеле мушкил аст. Чунки арманистониҳо як миллати хурд ҳастанд, ки қариб 3 миллион аҳолӣ доранд ва бо ҳамин 3 милион як миллати воҳид ҳастанд ва дар байни онҳо ягон маҳалгароӣ вуҷуд надорад. Бадбахтона, дар муддате, ки худи Раҳмонов тули чандин солҳо, ки ҳукумат кард, миллатро ба маҳалҳо, кӯчаҳо, ноҳияҳо, вилоятҳо тақсим кард. Яке аз старетигияҳое, ки Раҳмон чандин сол дар сари ҳукумат аст, ин ба маҳал ҷудо кардани мардум аст, ки бо ин роҳ тавонист чандин солҳо дар сари ҳукумат бошад. Дувум, худи ҳукумати Серж ба сари қудрат бо роҳи интихоботӣ омада буд ва Раҳмонов эълом карда буд, ки мо бо хун омадем ва бо хун меравем, дар ин ҷо нишон медиҳад, ки ин ду ҳукумат аз ҳамдигар фарқ мекунад. Ҳеҷ вақт ҳукумати Рахмонов фикри бо роҳи осоишта додани ҳукуматро надорад. Агар омодагиҳои тазоҳуроти соли 2014 моҳи октябрро назар кунем, дар моҳи октябр ҳатто аз давлати Чин шахсони мусаллаҳ вориди Тоҷикистон шуда буданд, ки омода ба кушодани тир ба сӯи мардум буданд. Яъне, ҳамон ҳарбиёне, ки аз суйи Чин омада буданд, дар дилхоҳ ҳолат онҳо омода буданд, ки ба сӯйи мардум тир кушоянд. Барои ҳамин ҳам ин ду миллат аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд. Вале мешавад, ки аз арманҳо баъзе дарсҳоро гирифт. Мешавад барои мардум фаҳмонид, ки он хислате, ки тули ин солҳо гирифтаанд, омӯхтанд, он боваре, ки доранд, ки оромиро танҳо Раҳмонов метавонад барояшон таъмин кунад ва бе Раҳмонов Тоҷикистон вуҷуд надорад, худфиребие беш нест. Бояд ба ин мардум нишон дод, ки ҳукуматҳо иваз мешаванд ва сатҳи зиндагии мардум аз ин иваз беҳтар мешавад, ки бадтар не.
***
- Дар ҳоле, ки кулли мухолифин дар беруни кишвар қарор доранд, сенориёи Арманистон дар Тоҷикистон имкон дорад?
Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви раёсати олии ҲНИТ: Дар дохил ё дар хориҷ будани мухолифин барои пешгирӣ аз ҳукуматҳои худкома ва раҳбарони яккатоз он қадар фарқ ва таъсири мусбат ва ё мафии худро надорад. Ин мардуми озодихоҳ ва сарфароз ҳастанд, ки табиати ғуломиро дар худ қабул надоранд, намегузоранд ҳокимони яккатоз бо ҳукуматҳои худхоҳашон то абад болои сарват ва дороии миллат ҳукмронӣ кунанд. Дар ибтидо дар Арманистон раҳбарони мухолифинро барои мухолифатҳояшон боздошт карданд. Мардуми қавиирода ва озодихоҳ, бо истодагарии худ вазъро дигар ва ин пирӯзиро оварданд.
Илҳомҷон Ёқубов, роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ: Бовар надорам, ки кулли мухолифин дар беруни кишвар бошанд, дар дохили кишвар ва ҳатто дар долонҳои ҳукумат ҳам сафашон ба андешаи ман кам нестанд вале чунин сенарияb инқилоб дар ҳоли хозир имконият надорад чун на мардум хоҳиши ба майдон рехтанро дораду ва на ҳукумат ба оғуш кашидани мардумро, вале дар Тоҷикистон аз нигоҳи ман ду сабаби асосии рӯй задани инқилоб мавҷуд аст. Якум ҳоло, ки раванди интиқоли қудрат аз падар ба писар суръат гирифта истодааст, дар ин ҳолат ҳам сафи норизоиён чи дар долонҳои ҳукумат ва чи дар сафи мардум зиёд хоҳад шуд ва ҳар иштибоҳ ба инқилоб анҷом хоҳад шуд (албатта ин як баҳси васеъ аст) ва сабаби дуввум ин ҳам паст рафтани сатҳи иқтисодии кишвар аст, ки ҳама медонанд, ки бештари инқилобҳое, ки дар ҷаҳони имрӯз сар задааст маҳз характери иқтисодӣ дорад.
Олег Панфилов, рӯзноманигор ва таърихшинос: Мутаассифона намешавад аз зиёиёну фарҳангиёни тоҷик кореро, ки зиёиёну фарҳангиёни арманӣ карданд, мунтазир буд. Чун идея мешавад омӯхт, аммо истифодааш тақрибан ғайриимкон аст. Дар кишвар бояд ҳолате пӯхта расад, ки беш аз ними мардум тазоҳуротро дастгирӣ кунад.
Абдулло Давлатов, коршинос ва фаъоли сиёсӣ: Русҳо як мақол доранд: «никогда не говори никогда!».
Алим Шерзамонов, дабири созмони Нерӯҳои озодихоҳи Тоҷикистон: Бояд қайд кард, ки имрӯз дар дунё кам миллатҳое пайдо мешаванд, ки дар сатҳи тоҷикон нерӯи мухолифин дошта бошанд, чӣ дар дохил ва чӣ дар берун. Камбуди мо на дар набуди мухолифин ё сустии мухолифин аст, заъфи мо дар якпорчагии миллат аст, манзурам дар адами якпорчагии миллат аст. Илова бар оне, ки режими мавҷуда талошҳое пайгирона дар пароканда доштани миллат дошта бошад, бадбахтии дигари мухолифини тоҷик ин дар муҳоҷирати иҷбории бемисли ин миллат мебошад. Албатта то муддате ин раванди муҳоҷират мушкили режимро ҳал мекунад, вале ин абзор ҳам беохир нест. Новобаста аз он, ки миқдори чашмраси нерӯҳои мухолифин дар берун қарор доранд, теъдоди қобили таваҷҷуҳи нерӯҳои ақлонии ҷомеъаи шаҳрвандии тоҷик ҳанӯз дар дохил ҳам кам нест ва албатта дар Тоҷикистон низ ислоҳот мешавад, вале метарсам, ки “Серж Саргисяни ҷавонмард” дар Тоҷикистон пайдо нахоҳад шуд.
Шарофиддин Гадоев, ҳамоҳангсози Ҷумбиши ИИТ: Пеш аз ҳама, мухолифоне, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, бояд муттаҳид шаванд ва барномаи мушаххаси худро ба мардум ошно созанд. Мардуми дохилӣ, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, бояд бо мухолифони бурунмарзӣ ҳамкорӣ кунанд, барои пешвози онҳо ҳангоми вуруди осоишта ба кишвар омода бошанд ва норозигии худро ба ҳукумат бо ҳар тариқ баён кунанд. Агар мо ба мардум барномаи худро дуруст фаҳмонем, аз ҳуқуқҳояш бархурдор намоем ва ояндаи Тоҷикистонро барои онҳо ошкор кунем, албатта дар ин ҷо, ҳам мардуми кишвар омода мешаванд ва ҳам оппозитсия метавонад бо осонӣ дохили Тоҷикистон шавад ва барои беҳтар кардани вазъ дар Тоҷикистон бисёр корҳоро анҷом диҳад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

