Роҳбарияти Русия ният дорад, ки ҷиҳати муҳофизати фазои Сурия, таъмини амнияти шаҳри Димишқ ва дигар минтақаҳои ин кишвар, мушакҳои ҳавоии S-300 «Favorit» -ро ройгон ба ихтиёри низомиёни Сурия вогузор кунад.
Тибқи маълумотҳои дарёфтӣ аз расонаҳои русӣ масъалаи сари вақт расонидани аслиҳа ба Сурия дар арафаи ҳалшавист.
“Ҳукумати Сурия бо сабаби гирифтории даргириҳо дар ин кишвар барои харидани ин қабил аслиҳа имкони молӣ надорад. Аз ин хотир Русия S-300 «Favorit» -ро чун кумаки техникӣ тақдим мекунад”, — омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ҳукумати Русия мутахассисонро низ, барои истифодаи дурусти ин намуд аслиҳа, ба мавзеи ҷангӣ мефиристад.
Дар ҳамин ҳол Сергей Лавров, Вазири корҳои хориҷии Русия, зимни нишасти хабарӣ дар ҳошияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ҳудуди Сурияро тарк карданӣ нест.
«Як қатор давлатҳо кӯшиш мекунанд, ки Сурияро ба қисматхо ҷудо сохта, пароканда намоянд. Иёлоти Муттаҳида моро бовар кунонд, ки ҳадафи ягона, ки бояд террористонро дар ҳудуди Сурия барҳам занад, боқист, аммо аксаран дар соҳили шарқии Фирот ҷойгир аст ва нияти тарки ин мавзеъҳоро надорад. Дар ин амал президенти Фаронса ҳам рағбат дорад” — изҳор намуд Лавров.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

