Доналд Трамп, президенти ИМА ба Эрон ҳушдор дод, ки агар барномаи ҳастаии худро аз сар бигирад, бо мушкилоти бузургтарин рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки пеш аз ин бо он мувоҷиҳ нашудааст.
Трамп пеш аз дидор бо Эмануил Макрон, ҳамтои Франсавиаш дар Кохи сафед, бори дигар тавофуқи ҳастаии Эрон- БАРҶОМ-ро «фоҷеа» ва тавофуқи «аҳмақона» унвон кард.
Ӯ гуфт, ин чӣ тавофуқ аст, ки дар он барномаи истеҳсоли мушакҳои Эрон матраҳ нашудааст ва аз сиёсатҳои Эрон дар минтақа, чизе зикр нагардидааст.
Аммо, Эмануил Макрон, президенти Фаронса ба назар мерасад, талош хоҳад кард, ки Трампро ба мондан дар БАРҶОМ тарғиб кунад. Чун пеш аз дидор бо Трамп, ӯ гуфт, ки БАРҶОМ мумкин аст тавофуқи комил набошад, аммо беҳтарин роҳи ҳал барои маҳдуд кардани Эрон аст.
“Дар бораи Эрон бояд масъаларо дар пасманзари мушкилоти минтақавӣ бубинем. Вазъияти Сурия ва амнияти тамоми минтақаро бояд дар назар гирифт. Дар ҳар сурат мо ҳадафи муштаракеро барои иҷтиноб аз афзоиш ва тавсеаи силоҳҳои ҳастаӣ дар минтақа думбол мекунем. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки беҳтарин роҳи пешравӣ кадом аст.» — гуфт Эмануил Макрон
Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш Муҳаммадҷавод Зариф, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар вокуниш ба даъвои хориҷшавии Амрико аз тавофуқи БАРҶОМ гуфт, ки Эрон чандин барномаи омода дар ихтиёр дорад, ки яке аз онҳо бо суръати баланд ва иродаи ҷиддӣ, пурзӯр кардани фаолиятҳои ҳастаӣ, дар ҷавоб ба даст кашидани Амрико аз ин тавофуқ хоҳад буд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

