Дар асри технологияи навин ширкати Google таҷҳизоте омода сохта, ки имкони дар як замон нутқро бо 40 забон тарҷума кардан дорад.
Ширкати Google гӯшакҳои хурдҳаҷми бар гӯш насбшавандаро (Вавилонская рыбка) ихтироъ кардааст, ки тавассути он мусоҳибони ду миллати ғайр метавонанд гуфтугӯи ҳамдигарро комилан фаҳманд. Зеро ин гӯшакҳо (наушники) нутқро дар ҳоли тарҷума ба замони воқеӣ гӯшрас мекунанд.
Гӯшакҳои нави беноқили тамғаи Pixel Buds имкони дар як вақт тарҷумаи нутқ ба 40 забонро доранд.
Pixel Buds дар ҳоли пайвастан бо смартфони тамғаи Pixel фаъол мешавад. Таҷҳизоти мазкур бо ёрирасони Google Assistant пайваста, бо пахши тугмачаи тачпад, ки дар гӯшаки тарафи рост ҷойгир аст, фаъол мегардад.
Тарзи истифодаи ёрирасон тариқи фармонҳои овозӣ суръат мегирад, чунончӣ истифодабаранда агар суруд гӯш кардан хохад, метавонад гуфтугӯро қатъ кунад, ё самти роҳро муайян намояд.
Яке аз хусусиятҳои аҷиби гӯшакҳо қобилияти тарҷумаи сухан дар вақти воқеист. Ходимони ширкати Google дар намоиши имкониятҳои Pixel Buds мусоҳибае ташкил карданд, ки нафаре бо забони англисӣ ҳарф мезад, дувумӣ бо забони шведӣ посух медод.
Дар ҳоли пахш кардани тугмачаи тачпад ва пайвастан ба ёрирасони Google Assistant, муштарӣ метавонад хоҳиши зеринро талаффуз кунад: «Кумак кун, ки бо забони шведӣ ҳарф занам»
Дастгоҳ аввал ҷумлаи мазкурро тарҷума ва такрор мекунад, баъдан, вақто мусоҳиб бо забони шведӣ гап заданро оғоз менамояд, ин ҷумларо тавассути забони барномасозии Google Translate дар смартфони Pixel бо забони модарии корбар мегардонад ва дар гушакҳо бевосита садо медихад. Айни замон тарҷума бар 40 забон дастрас шуда аст.
Ёрирасони Google Assistant бе истифодаи смартфон ҳам метавонад роҳро муайян кунад, ҷустуҷӯро дар интернет иҷро намояд ва зангҳоро идора созад.
Pixel Buds дар се ранг дастрас аст- сафед, сиёҳ ва кабуд. Нархаш 159 доллар. Қуввааш (заряд) барои 5 соат кофист. Дар ҳоли ба охир расидани қувваи батарея, метавон аз батареяҳои бесим (аккумулятор) истифода кард.
Ҳарчанд имкониятҳои гӯшакҳои Pixel Buds охири соли гузашта намоиш дода шуда буд, то ба имрӯз дар фурӯшгоҳҳо дастнорас буданд. Ширкати Google ният дорад, давоми соли 2018 гӯшакои Pixel Buds-ро дастраси ҳамагон гардонад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

