Баъди он ки дӯ рӯз пеш Серж Саркасян, сарвазири Арманистон истеъфо дод, акнун, даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Арманистон ба хиёбонҳо рехта, истеъфои ҳукумати феълии ин кишварро талаб намуданд.
Қарор буд, имрӯз чаҳоршанбе, 25 апрел музокироти миёни Карен Карапетён, иҷрокунандаи вазифаи нахуствазирӣ ва Никол Пешиниён, раҳбари мухолифон баргузор шавад, аммо ҳукумат ин нишастро лағв кард.
Мухолифон хоҳони барпои интихоботи ҷадид ва интиқоли қудрат ба «сарвазири мунтахаби мардум» ҳастанд.
Тазоҳуркунандагон пешниҳод доранд, ки Никол Пешиниён дар интихобот ба мансаби сарвазирии ин кишвар ҳамчун номзад иштирок кунад.
Полис дар нуқоти мухталифи шаҳр мустақар шуда, аммо гузорише дар бораи бархурд бо тазоҳуркунандагон мунташир нашудааст.
Ду рӯз пеш ба думболи тазоҳуроти паёпай дар шаҳрҳои мухталиф Арманистон, Серж Саркесён танҳо чанд рӯз пас аз нишастан ба курсии нахуствазирӣ бо ариза аз вазифа канор рафта буд. Серж Саркесён пеш аз ин ба муддати 10 сол президенти Арманистон буд.
Никол Пешиниён истеъфои нахуствазирро кофӣ надониста, ҳизби ҳокимро муттаҳам кард, ки кӯшиш дорад, дар қудрат боқӣ монда, яккатозӣ кунад.
«Ҳизб ва вукалои парлумоне, ки тавони таҳлили вазъияти феълиро надоранд ва бидуни шинохти ҳеҷ як масъулияте шахсеро сарвазир интихоб карданд, ки мардум бо ӯ нест, бояд ин ҳукумат ва фраксияи ҳизби ҳоким пароканда карда шавад. Замоне, ки кишвари моро сарвазир идора мекунад, бояд сарвазир бо интихоби мардум ба курсии ин вазифа такя занад» — гуфтааст Никол Пешиниён.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

